Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Оғози олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯён

Оғози олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯён

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2023 макони баргузории даври хотимавии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони «Пояи давлат намонад бе маориф устувор...» бахшида ба “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиӣ, риёзӣ ва табиатшиносӣ дар соҳаи илму маориф” дар соли таҳсили 2022-2023, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст, гардид. 
Меҳмонон сараввал аз намоишгоҳи дастовардҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва бинои нави таълимӣ, озмоишгоҳҳои гумрукӣ ва иқтисодиёти рақамӣ дидан намуданд. 
Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ Саидзода Раҳим Ҳамро, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қувватзода Сайдулло, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лутфия Абдухолиқзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ректорҳои муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, донишҷӯён ва меҳмонон иштирок доштанд. 
Сараввал ректори ДДМИТ Ҳакимбек Абдуалимзода ҷаласаи ифтитоҳиро оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфт. 
Сипас Саидзода Раҳим Ҳамро, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда, донишҷӯён-иштирокчиёни олимпиадаро табрик гуфт ва барояшон барор хост. Мавсуф қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташкил ва сарпарастии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат» ва дигар озмунҳо барои баланд бардоштани завқи ҷавонон нисбати илм ва тақвияти донишу ҷаҳонбинии онҳо ҳавасманд ҳастанд ва ин қабил озмунҳо барои амалисозии ин ҳадафҳо заминагузоранд. 
- Ҳадафи баргузории олимпиада ҳам байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ин дарёфти ҷавонони лаёқатманд ва парвариши минбаъдаи онҳо мебошад, - гуфт вазир. 
Вазир қайд намуд, ки олимпиада беҳтаринҳоро муайян мекунад ва он натиҷаи заҳмати худи иштирокчиён ва роҳбарони илмии онҳо мебошад. 
Дар охир Саидзода Раҳим ба иштирокчиёни олимпиада барор хост. 
Дар идома намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Сайдулло баромад карда, аз дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати илм ва маориф андешаронӣ кард. Мавсуф қайд намуд, ки аз ҳисоби ғолибони олимпиадаи мазкур барои қабул ба зинаи магистратура ва PhD имтиёзҳо бояд дода шавад, то ин ки ҷавонони қобилиятнок имкони идомаи таҳсилро дошта бошанд ва, дар баробари ин, дар рушди илми тоҷик ва амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат саҳм гузоранд. 
Дар охир Қувватзода С. ба донишҷӯён ва омӯзгорони онҳо дар сабқат муваффақият хоста, таъкид дошт, ки баҳри тақвияти самти илм ва маориф шароит муҳайё буда, ҳар нафар метавонад ба сӯи илм равад ва худро дар ин самт озмояд. 
Дар баромади хеш раиси Шурои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат, ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Гулзода Маҳмадшо нақши муассисаҳои таҳсилоти олиро дар рушди илм муассир хонда, иброз дошт, ки имрӯз макотиби олӣ меҳвари асосии илми кишвар маҳсуб меёбанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат тавонист, ки низоми маорифро беҳтар намояд. 
- Ин олимпиада майдони муҳорибаи илмӣ ва дарёфти чеҳраҳои нави қобилиятнок ва боистеъдод дар байни ҷавонони кишвар ба ҳисоб меравад,- гуфт Гулзода М. 
Пас аз он Мирзозода Н., сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми ҶТ иштирпокчиёни олимпиадаро бо тартиби баргузории он ошно карда, ҷараёни онро қадам ба қадам бо муқаррароти пешбинишуда гуфта гузашт. 
Дар олимпиада аз 39 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар 438 нафар ғолибони олимпиадаҳои дохилидонишгоҳӣ аз рӯйи фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, таърих, фалсафа, сиёсатшиносӣ, педагогика, математика, физика, химия, биология, экология, география, назарияи иқтисод ва технологияҳои иттилоотӣ дониши худро санҷиданд. 
Лозим ба ёдоварист, ки сабқат дар ду бахш: бахши илмҳои гуманитарӣ ва бахши илмҳои табиӣ, риёзӣ ва табиатшиносӣ гузаронида мешавад ва санҷиши дониши иштирокдорон тариқи тестӣ ва бо иншои эссе сурат мегирад. 
Ёдовар мешавем, ки бо назардошти мавҷудияти заминаи хуби техникии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ин чорабинии калони илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ маҳз дар ин таълимгоҳ сурат мегирад. Раёсати донишгоҳ барои дар сатҳи баланд гузаштани раванди ин сабқати ҷумҳуриявӣ тамоми шароитҳоро муҳайё сохтааст, аз қабили пешниҳоди хобгоҳ, маркази тестии бо компютер таҷҳизонидашуда ва дигар шароитҳои маишию фарҳангӣ. 
Олимпиада пагоҳ рӯзи 17 май ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян мегарданд. 


Машҳура Абдуллоева