Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Шоми дӯстӣ – бозгӯи ваҳдати ҷавонон

Шоми дӯстӣ – бозгӯи ваҳдати ҷавонон

Шоми 16-уми май дар ДДМИТ баҳри истироҳату фароғати иштирокчиёни даври сеюми олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Пояи давлат намонад бе маориф устувор…» бахшида ба солҳои рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ чорабинии фарҳангиву фароғатии “Шоми дӯстӣ” баргузор карда шуд. 
Чорабиниро ректори ДДМИТ Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим оғоз карда, ба иштирокчиён муваффақияту бурдборӣ таманно намуд. Зимни баромади ректори муассиса оид ба дастовардҳои ДДМИТ дар тӯли як соли охир маълумот дода шуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки соли таҳсили 2022-2023 барои коллективи меҳнатии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон соли таърихист. Зеро дар таърихи мавҷудияти донишгоҳ аввалин маротиба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин даргоҳи маърифат қадам ранҷа намуданд. Пешвои муаззами миллат бинои нави таълимии донишгоҳро ифтитоҳ намуданд ва ба сифати корҳои анҷомдода ва кори озмоишгоҳҳои кафедраи фаъолияти гумрукӣ, иқтисоди рақамӣ, маркази бонки таълимӣ ва шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим баҳои баланд доданд. Бинои панҷошёнаи таълимӣ барои 6 ҳазор ҷойи нишаст дар ду баст ба истифода дода шуд, ки дорои 66 синфхонаи барҳавои лексионӣ, 25 ҳуҷраи корӣ, 4 толори конфронсӣ, лексионӣ, шурои диссертатсионӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. 
Бояд эътироф кард, ки дар ин сол омӯзгорону донишҷӯён ва магистрантон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ба мисли “Илм - фурӯғи маърифат” Панявин Михаил - магистранти курси 1-уми ихтисоси молия ва қарз аз рӯйи номинатсияи “Технологияҳои иттилоотӣ” соҳиби ҷойи 2-юм гардид. Инчунин, дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи номинатсияи эҷоди назму наср Шаҳло Пиримова, донишҷӯйи курси 4-уми факултети ҳисобдорӣ ва омор сазовори ҷойи сеюм гардид. 
Дар соли таҳсили 2022-2023 дар ДДМИТ озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» ва «Беҳтарин барномасоз» доир гардиданд, ки дар он муҳассилини тамоми МТОК-и ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. 
Баъдан, Мирзозода Наврӯз, сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, ба иштирокчиён муваффақияту бурдборӣ таманно намуд. Қайд карда шуд, ки дар олимпиадаи мазкур аз 39 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар 438 нафар ғолибони олимпиадаҳои дохилидонишгоҳӣ ширкат мекунанд. Новобаста аз натиҷаҳои олимпиада ва ишғоли ҷойҳо иштирокчиён донишҷӯёни беҳтарин мебошанд. Ҳамчунин, Н.Мирзозода оиди тартиби баргузории олимпиада, тарзи тартиб додани саволномаҳо ва шаффофият дар муайян кардани ҷойҳо маълумот дод. 
Сипас, баҳри истироҳат ва болидаруҳии иштирокчиёни олимпиада аз ҷониби бахши фарҳанги ДДМИТ барномаи рангини фарҳангӣ намоиш дода шуд, ки он барои дӯстӣ ва ваҳдати ҷавонон мусоидаткунанда буд. 


Фаридун Сафарзода