Хабарҳо
Маросими ҷоизасупории олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
Санаи 17-уми май дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таҳти унвони «Пояи давлат намонад бе маориф устувор...» бахшида ба “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиӣ, риёзӣ ва табиатшиносӣ дар соҳаи илму маориф” дар соли таҳсили 2022-2023 оғоз гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, ректорон ва муовинони ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Нахуст, зимни суханронии худ вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро иброз дошт, ки пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ соҳаи илму маорифи кишвар тадриҷан рушд намуда, дар ин давра дар кишвар озмуну олимпиадаҳои сатҳашон гуногун бо иштироки фаъоли хонандагону донишҷӯёни соҳибистеъдод доир мегардад. Имрӯз низ мо шоҳиди баргузории чунин олимпиада гардидем. Саидзода Р.Ҳ. ғолибони ин олимпиадаро барои ноил шудан ба чунин муваффақият табрик гуфта, барояшон бурдборӣ таманно намуд. Ҳамчунин, ба раёсати ДДМИТ барои дар сатҳи баланд ташкил намудани озмун ва таъмини шаффофият изҳори миннатдорӣ баён кард.
Дар идома маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон шуруъ гардид. Дар олимпиадаи имсола зиёда аз 400 нафар донишҷӯ аз 39 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуда, аз рӯйи 14 фанни таълимӣ бо ҳам сабқат намуданд. Дар натиҷа 36 нафар сазовори чойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм гардида, 4 нафар барои иштироки фаъолона сазовори Ифтихорномаи Вазорати моариф ва илми ҶТ гардиданд. Аз рӯйи натиҷаҳои даставӣ дар бахши фанҳои гуманитарӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовори ҷойи якум, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав сазовори ҷойи дуюм ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои даставӣ дар бахши фанҳои табиию риёзӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовори ҷойи якум, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садридддин Айнӣ сазовори ҷойи дуюм ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷойи сеюм гардида, бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати маориф ва илми ҶТ сарфароз гардонида шуданд. Дар охир аз ҷониби бахши фарҳанги Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон чорабинии рангини фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардид.
Натиҷаҳои ДДМИТ низ дар олимпиада назаррас мебошанд. Донишҷӯи курси дуюми ихтисоси менеҷменти байналмилалии донишгоҳ Насриддинзода Шоҳиддин аз фанни назарияи иқтисодӣ (роҳбараш: муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодӣ Балхов Д.) сазовори ҷойи дуюм ва донишҷӯйи курси якуми ихтисоси хадамоти гумрук Табуров Шоҳрамазон (роҳбараш: муаллими калони кафедраи забони русӣ Дрозденко Л.Н.) аз фанни забони русӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Албатта, ин дастоварди тамоми донишгоҳ, донишҷӯёни ғолиб ва устодони онҳо мебошад. Мо мефахрем, ки дастаи олимпии донишгоҳи мо ҳамасола дар олимпиадаҳо бо сари баланд иштирок карда, шарафи донишгоҳро боло мебардоранд. Ғолибонро бо ин музаффарият муборакбод намуда, фатҳи қуллаҳои нави илму донишро таманно дорем. Умед дорем, ки солҳои минбаъда нишондиҳандаҳо аз ин ҳам беҳтару хубтар мегарданд.
Фаридун Сафарзода