Хабарҳо
Донишҷӯёни мо ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд
Санаи 19-уми майи соли равон дар факултети иқтисод ва бизнеси донишгоҳ тамошои дастаҷамъонаи Озмуни байналмилалии Андоз-Тошкент-2023 ба таври маҷозӣ тариқи интернет баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ декани факултет А.Нурализода бо донишҷӯёни фаъоли дастаи олимпии факултет вохӯрӣ намуда, онҳоро барои омодагии ҷиддӣ намудан дар озмуну олимпиадаҳо ва шинос шудан бо тартиби гузаштани озмунҳои байналмилалӣ раҳнамоӣ кард. Барои дастболо шудан дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ барору муваффақият таманно намуд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 17-19 майи соли равон дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон байни якчанд дастаҳо аз дигар давлатҳои дунё озмуни байналмилалӣ оид ба андоз ва андозбандӣ мегузарад, ки дар он ягона намоянда аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаи ДДМИТ аз ҳисоби донишҷӯёни ихтисоси андоз ва андозбандӣ Шоҳразамон Табуров, Муродҷон Баротов ва Раҷабулло Умриллозода иштирок намуда, ба даври ниманиҳоии озмун роҳ ёфтанд ва сабқатро барои ба даври ниҳоӣ баромадан давом дода истодаанд.
Бояд қайд намуд, ки роҳбарии дастаи ДДМИТ-ро дар ин Озмуни байналмилалии Андоз-Тошкент - 2023 мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ Суҳроб Шукуров роҳбаладӣ менамояд. Мо умед дорем, ки намояндагони ДДМИТ дар ин чорабинии байналмилалӣ дастболо мегарданд.
Тағоймурод Эшзода