Хабарҳо
Рақобат аз камбудиҳои бозор сар мезанад
Бо ибтикори Раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи назарияи иқтисодии ДДМИТ санаи 20-уми майи соли равон маҳфили умумидонишгоҳии «Коршиноси иқтисодӣ» дар мавзуи «Иқтисодиёти рақобатпазири Ҷумҳурии Тоҷикиситон дар шароити муосир» бо иштироки Абдуғаффор Рауфӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири шуъбаи таҳқиқоти инфрасохтории Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ баргузор гардид.
Сараввал сардори маҳфили «Коршиноси иқтисодӣ», профессор, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ Ф.Насриддинов маҳфуми рақобатро шарҳ дода, қайд намуд, ки мувофиқи ақидаи К.Маркс рақобат ин шакли антогонии мусобиқаи иқтисодии соҳибкорон барои шароитҳои беҳтари сармоягузорӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи зиёдтар мебошад. И.Шумпетер бошад, рақобатро чун дигарон мубориза намеҳисобад, балки ин мусобиқаи нав бо кӯҳна, ки имрӯз ё фардо нав кӯҳнаро гузошта болотар мешавад.
Пасон маърузачӣ Рауфӣ А. дар бораи шаклҳои рақобати мукаммал ва номукаммал суханронӣ намуда, гуфт, ки мавҷуд будани рақобат имкон медиҳад ҳангоми истеҳсол кардани молу маҳсулот аз захираҳои молӣ, пулӣ, меҳнати самаранок истифода карда шавад, комёбиҳои нодири захираҳо ҳис карда шуда, барои мутобиқ гардонидани раванди истеҳсол ва истеъмол, зарурати сари вақт ҳис кардану тағйирот даровардан ва воридсозии навовариҳо, натиҷаи андӯхташудаи пешрафти илму техника, дар ҳавзаи тавлиди молу маҳсулоти нав, ҷорӣ кардани техникаву таҷҳизоти ҷадид, коркарди тарзу услуби ташкил ва идораи истеҳсолот шароит фароҳам овардан фикрҳои ҷолиб баён намуд. Ҳамчунин қайд намуд. ки камбудию норасоиҳои рақобат аз камбудиҳои бозор сар мезанад.
Дар музокира ва ҷамъбасти нишаст дотсентони кафедра Н. Муртазоев ва А. Наҷмиддинов баромад намуданд.
Гуфта шуд, ки мутолиаи ҳамешагии рӯзномаи донишгоҳии «Молия ва иқтисод», ки дар саҳифаҳояш пайваста аз мактабҳои асосии иқтисодӣ мавод таҳия мешавад, барои устодон ва донишҷӯён мададгор буда метавонад. Зурур аст, ки устодон дар машғулиятҳо ба донишҷӯёни ихтисоси иқтисодӣ аз маводи ин рӯзнома фаровон истифода бурда, дониши шогирдонро мустаҳкам намоянд.
Дар охир Ф.Насриддинов роҷеъ ба рӯзмарра будани мавзуи муҳокимашуда ва зарурати ташкили маҳфили умумидонишгоҳии «Коршиноси иқтисодӣ» ва аҳаммияту таъсири он дар боло бурдани маърифати устодон ва донишҷӯён таклифҳои судманд ироа намуд.
Тағоймурод Эшзода