Хабарҳо
«Дастони моҳир» духтарони соҳибистеъдодро муаррифӣ намуд
18 майи соли равон бо ибтикори раёсати корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон миёни донишҷӯдухтарони донишгоҳ озмуни умумидонишгоҳӣ зери унвони «Дастони моҳир» баргузор карда шуд. Тибқи Низомнома озмун дар шакли гурӯҳи ва инфиродӣ аз рӯи чор номинатсия бо пешниҳоди ҳунарҳои мардумӣ, омода намудани хӯроки миллӣ, омодасозии хӯришҳо ва намоиши сурудҳои халқӣ доир карда шуд. Зимни баргузории озмун доираи зиёди донишҷӯдухтарон ҷалб гардида, ҳунару истеъдоди худро ба намоиш гузоштанд.
Ибтидо иштирокчиёни озмун ба ду даста "Гулофарин" ва "Соҳибзавқон" тақсим шуда, ҳунари худро ба намоиш гузоштанд. Ҳаминтариқ дастаи "Соҳибзавқон» ҷойи аввал ва дастаи "Гулофарин" сазовори ҷойи дуюм шуданд.
Дар бахши инфиродӣ бошад, Мадина Асламзода, донишҷӯи факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ аз рӯи номинатсияи "Хӯрокҳои миллӣ", Нишона Исломова, донишҷӯи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ аз рӯи номинатсияи "Сурудҳои халқӣ"; Зӯҳро Азизхоҷаева, донишҷӯи факултети иқтисод ва бизнес аз рӯи номинатсияи "Ҳунарҳои мардумӣ" ва Дилангез Мирзодавлатова, донишҷӯи факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ аз рӯи номинатсияи "Намоиши хӯришҳо" сазовори ҷойи якум гардиданд.
Аз тарафи ҳакамон ба ғолибон ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣба ва ба як қатор иштирокчиёни фаъол бошад сипосномаҳо т тақдим карда шуданд.
Масъулин ҳадафи баргузории ин озмунро баланд бардоштани маҳорати ҳунармандии донишҷӯдухтарон маънидод намуданд.
Тағоймурод Эшзода