Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дунё пур аз ҷавонӣ…

Дунё пур аз ҷавонӣ…

Зери ҳамин унвон санаи 22-юми май дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур ба ҳайси меҳмонон Неъматзода Маликшо Маҳмадшо, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Сураҷ Чоршанбезода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Нахуст иштирокчиёни ҳамоиш аз намоишгоҳи ДДМИТ дидан намуда, бо дастовардҳо дар самти таълиму илм, тарбия ва варзиш шинос шуданд. Сипас дар толори фарҳангии донишгоҳ бо иштироки меҳмонон ва доираи васеи устодону кормандон ва донишҷӯён ҳамоиш баргузор гардид. Онро бо сухани ифтитоҳӣ ректори ДДМИТ Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим оғоз карда, аҳли толорро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуд. Ректори муассиса дар баромади худ оид ба дастгирии ҷавонон аз ҷониби Пешвои миллат, ғамхориҳои Давлату Ҳукумат нисбати ин қишри тақдирсози ҷомеа, дастовардҳои ҷавонон, саҳми онҳо дар пешрафти ҷомеа, «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» маълумот дод. 
Неъматзода Маликшо зимни баромади худ иштирокчиёни ҳамоишро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, барои тамоми ҷавонони кишвар бурдбориҳо таманно намуд. Ӯ ҷавононро неруи бузургу созанда номида, қайд кард, ки имрӯз ҷавонон воқеан насли хушбахтанд. Чунки ҳомие дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доранд. Дар ҷавоб ба бовариву ғамхориҳои Роҳбарияти олии кишвар ҷавононро зарур аст, ки тамоми кӯшишу талоши худро баҳри пешравии ҷомеа равона кунанд. 
Сипас, ба ректори ДДМИТ Ифтихорномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон тақдим карда шуд. Ҳамчунин, ба устодону кормандон ва донишҷӯёни фаъоли ДДМИТ ифтихорномаҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Кумитаи иттифоқи қасабаи соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи ректори ДДМИТ тақдим карда шуд. 
Дар фарҷоми ҳамоиш аз ҷониби бахши фарҳанги донишгоҳ барномаи рангини ҳунарӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд. 


Фаридун Сафарзода