Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Барои иштирок дар олимпиадаи байналмилалӣ донишҷӯён интихоб гардиданд

Барои иштирок дар олимпиадаи байналмилалӣ донишҷӯён интихоб гардиданд

Бо ташаббуси Хадамоти мониторинги молиявии Федератсияи Россия ва Институти шабакавии байналмилалӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, инчунин дастгирии бевоситаи Президенти Федератсияи Россия баргузории Олимпиадаи байналмилалии бехатарии молиявӣ санаи 2.10.2023 то 6.10.2023 дар шаҳри Сочи ба нақша гирифта шудааст. 
Даври аввали донишгоҳии олимпиадаи байналмилалии бехатарии молиявӣ санаи 13 майи соли равон дар донишгоҳ, ки дар он 45 донишҷӯ иштирок доштанд, аз рӯи самтҳои зерин баргузор гардид: 
- Иқтисодиёт, молия ва қарз, бехатарии иқтисодӣ; ҳуқуқшиносӣ; бехатарии иттилоотӣ; муносибатҳои байналхалқӣ. 
Олимпиадаи байналмилалии донишҷӯён ба муайян намудани роҳу усулҳои беҳтари таълим, такмили фаъолияти таълимии донишҷӯён, болоравии сифати тайёр намудани мутахассисон, инкишофи қобилияти зеҳнӣ, эҷодӣ ва илмӣ- тадқиқотӣ нигаронида шудааст. 
Аз 48 нафар иштирокчии олимпиадаи мазкур 9 нафар донишҷӯ холҳои баландро ба даст оварда, ба даври дигар сафарбар гардиданд: 
1. Рустамов Баҳриддин Минходжиддинович, донишҷӯи курси 3-юми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ - 17 хол; 
2. Раҳмонов Лоиқ Шералиевич, донишҷӯи курси 2-уми факултети молия ва қарз-16,5 хол; 
3. Нарзулоева Файзимоҳ, донишҷӯи курси 1-уми факултети молия ва қарз -15 хол; 
4. Исмоилова Томирис Ҳикматуллоевна, донишҷӯи курси 1-уми факултети молия ва қарз -11,5 хол; 
5. Заробов Салимҷон Хуршедович, донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳисобдорӣ ва омор - 10 хол; 
6. Муминов Меҳроб Набиевич, донишҷӯи курси 2-юми факултети молия ва қарз -9 хол; 
7. Мадализода Дилноза Исроил, донишҷӯи курси 2-юми факултети молия ва қарз - 9 хол; 
8. Саъдуллоев Саидраҳмон Фахриддинович, донишҷӯи курси 1-уми факултети молия ва қарз - 9 хол; 
9. Ризоев Суҳайлӣ Илёсович, донишҷӯи курси 1-уми факултети иқтисод ва бизнес - 9 хол; 
Ғолибони даври донишгоҳии олимпиада барои иштирок дар даври хотимавии олимпиадаи байналмилалии бехатарии молиявӣ байни донишҷӯёни мактабҳои олӣ, ки дар ш. Сочи Федератсияи Россия гузаронида мешавад, пешниҳод мегарданд. 
Ёдовар мешавем, ки ин олимпиада ҳамасола доир мегардад ва он бо мақсади баланд бардоштани маърифати иттилоотӣ, молиявӣ ва ҳуқуқии донишҷӯён, дарёфти ҷавонони боистеъдод, ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодии онҳо, фаъолияти таълимӣ-омӯзишӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи бехатарии молиявӣ ва муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, рушди шахсият, мусоидат дар интихоби касбии донишҷӯён гузаронида мешавад. 


Мирзоева Е.Ш., сардори раёсати илм ва инноватсия