Хабарҳо
Озмуни «Беҳтарин донандаи Кодекси гумрук» дар ДДМИТ
Бо ташаббуси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон рӯзи 26 майи соли равон дар донишгоҳ Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Дар он Мерафзунов Мерафзун, сардори Раёсати таъмини ҳуқуқии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асоев Баҳриддин, муовини сардори Раёсати ташкили назорати гумрукӣ, Раҳимов Зуҳайл, сардори шуъбаи ҳуқуқии Раёсати танзими ҳуқуқ, Зафари Саидқул, нозири калони Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ ва Ҳайдаров Рауф, сармутахассиси раёсати ислоҳоти андози Вазорати молияи ҶТ, донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар иштирок намуданд.
Сараввал меҳмонон аз бинои нави таълимӣ, дастовардҳои илмию таълимӣ ва варзишии факултетҳои донишгоҳ, ки ба намоиш гузошта шуда буданд, диданд карданд. Ҳамзамон бо фаъолияти озмоишгоҳи гумрукӣ, озмоишгоҳи иқтисодиёти рақамӣ ва шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таълим ошно шуда, ба шароитҳои муҳайёшуда баҳои баланд доданд.
Баъдан қисмати ифтитоҳии озмун дар толори фарҳангӣ идома ёфт ва дар он ректори таълимгоҳ Абдуалимзода Ҳакимбек бо сухани шодбошӣ баромад карда, меҳмононро ба муассиса хайрамақдам гуфт. Ректор дар бораи ҳамкориҳои судманди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, афзуд, ки донишгоҳ такя ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи ҷавонон озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси гумрук»-ро байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар баргузор менамояд, ки барои тақвияти дониш ва ҷаҳонбинии иштирокчиён ва тавсеаи ҳамкориҳо ва робитаи байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар самти илму таълим мусоидат хоҳад кард.
Озмуни мазкур дар заминаи ҳамкориҳои мустаҳками донишгоҳ бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвият ва густариш бахшидан ва омода намудани мутахассисони соҳаи гумрук гузаронида мешавад.
Баъдан Мерафзунов М. баромад карда, иштирокчиёни озмунро шодбошӣ кард ва афзуд, ки иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар озмуни имрӯза шаҳодати завқи баланд доштани онҳо барои аз худ намудани қонунгузорӣ дар низоми гумрукӣ аст. Инчунин, баргузории чунин озмун барои баланд бардоштани фарҳанги гумрукӣ дар байни ҷомеа нақши беандоза калон дорад.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар давоми ду рӯз идома меёбад ва дар он донишҷӯён аз 8 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок доранд. Озмун аз рӯйи ду номинатсия - «Даставӣ» ва «Инфиродӣ» гузаронида мешавад.
Барои дар сатҳи баланд баргузор ва одилона баҳогузорӣ намудани озмун ҳакамон – мутахассисони соҳа аз мақомоти дахлдор даъват шудаанд.