Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ДДМИТ ҷоизадори Озмуни ҷумҳуриявӣ

ДДМИТ ҷоизадори Озмуни ҷумҳуриявӣ

Тавре хабар дода будем, бо ташаббуси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон рӯзҳои 26-27 майи соли равон дар донишгоҳ Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Дар он аз 8 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар 32 нафар донишҷӯ иштирок карданд. 
Рӯзи 27 май озмун ҷамъбаст гардида, маросими ҷоизасупорӣ бо тантана доир гардид. 
Онро ректори таълимгоҳ Абдуалимзода Ҳакимбек кушода, барои ҳамкории судманд ва ҷудо намудани таҷҳизоти техникӣ барои амалиётҳои гумрукӣ барои машғулиятҳои амалӣ ба раёсати Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуд. Мавсуф қайд кард, ки ин озмун бори аввал аст, ки баргузор мегардад ва он барои омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи гумрук ва тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва дониши донишҷӯён мусоидат менамояд. 
Дар идома Раҳимов Зуҳайл, сардори шуъбаи ҳуқуқии Раёсати танзими ҳуқуқ аз ташкил аз баргузории ин озмун изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки он барои дарёфти ҷавонони лаёқатманд кумак мерасонад, зеро барои пешрафти фаъолияти гумрукӣ ва ташаккули қисми даромади буҷети давлатӣ ба мақомоти гумрук мутахассисони қобилиятнок лозиманд. 
Ҳамин тавр, озмун ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян гардиданд. Дар номинатсияи даставӣ ҷойи якум ба ДДМИТ лоиқ дониста шуда, бо Диплом ва 5 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо Диплом ва 3 ҳазор сомонӣ, ҷойи сеюм Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар Леваканд бо Диплом ва ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд. 
Дар номинатсияи инфиродӣ бошад, ҷойи якум ба Насриддинов Шоҳрӯз, донишҷӯи ДДМИТ бо Диплом ва 5 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуд. Ҷойи дувум Исроилова Қурбонгул, донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, ҷойи севум ба Муродзода Шаҳриёр, донишҷӯи ДДМИТ ва Муминов Алишер, донишҷӯи ДДҲБТ бо Диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. 
Ҳамзамон, ба ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ ба намояндагони як қатор донишгоҳҳо, ба кормандон ва устодоне, ки дар ташкил ва баргузории озмун фаъолона иштирок намуданд, Ифтихорнома, ба аъзои ҳакамон Сипосномаи ДДМИТ супорида шуд. Ба ректори ДДМИТ Абдуалимзода Ҳ.А. бошад, барои дар сатҳи баланд гузаронидани озмун Сипосномаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. 
Ҳамин тавр, озмун дар сатҳи хеле баланд доир гардид ва дастаи ДДМИТ натиҷаҳои олӣ ба даст оварданд, ки ин ифтихори ҳар кадоми мост. 


Машҳура Абдуллоева