Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Сафари кории судманд ба шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон

Сафари кории судманд ба шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон

Аз санаи 22.05.2023 то 27.05.2023 чанд нафар омӯзгорони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла, А. Қаландаров, С. Мирсаидов, М. Раҳмонзода, Р. Холбобоев, С. Мирзоев ва И. Сафаров ҷиҳати гузаштани курси такмили ихтисос ба Маркази миллии такмили ихтисоси омӯзгорон бо усулҳои нави таълими вилояти Бухоро ва шиносоӣ бо таҷрибаю раванди таълими Донишгоҳи давлатии Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон сафари корӣ анҷом доданд. 
Дар ин сафар омӯзгорони ДДМИТ бо як қатор кору таҷриба ва машғулиятҳои Маркази миллии такмили ихтисоси омӯзгорон бо усулҳои нави таълими вилояти Бухоро ва таҷрибаю раванди таълими Донишгоҳи давлатии Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон шинос шуданд. Аз ҷумла: 
Санаи 22.05.2023 дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон вохӯрии судманди ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо директори маркази миллии такмили ихтисоси омӯзгорон бо усулҳои нави таълими вилояти Бухоро анҷом ёфт, ки ин вохӯрӣ барои ҳар ду ҷониб ҳам манфиатбахш буд. Дар ҷараёни нишаст сардори раёсати таълими ДДМИТ, дотсент А. Қаландаров сипосномаи ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳар ду тарафро ба директори маркази мазкур Сафаров Амрилло Камолович аз номи ректори ДДМИТ Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим тақдим намуд. 
Санаи 23.05.2023 шиносоӣ бо раванди таълим дар Маркази миллии такмили ихтисоси омӯзгорон бо усулҳои нави таълими вилояти Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид. 
Санаи 24.05.2023 тақдимоти туҳфаҳо ба роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Бухоро аз номи роҳбарияти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва раванди таълим дар Донишгоҳи мазкур сурат гирифт. 
Санаи 25.05.2023 семинари илмӣ-методӣ таҳти унвони «Иқтисодиёти рақамӣ ва аҳаммияти он дар рушди иқтисодиёти миллӣ» дар Маркази миллии такмили ихтисоси омӯзгорон бо усулҳои нави таълими Вилояти Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор шуд. 
Дар санаи 26.05.2023 бошад, тақдимоти сипоснома ва мукофоти директори Маркази миллии такмили ихтисоси омӯзгорон бо усулҳои нави таълими вилояти Бухоро Сафаров Амрилло Камолович ба унвонии ректори ДДМИТ Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим ва супоридани сертификатҳои маркази зикршуда ба ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ботантана роҳандозӣ гардид. 
Қобили қайд аст, ки аз курси такмили ихтисос гузаштани ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ва шиносоӣ аз раванди таълим дар макотиби олии хориҷи кишвар ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши омӯзгорон, аз усулҳои нави таълим бархӯрдор шудани онҳо ва тайёр кардани мутахассисони ба талаботи бозори имрӯзаи меҳнат ҷавобгӯ мусоидат менамояд.