Хабарҳо
Ташаккулёбии аудит ва дурнамои он
Санаи 31-уми майи соли равон бо ташаббуси кафедраи аудит ва ревизияи донишгоҳ мизи мудаввари донишгоҳӣ дар мавзуи «Муаммоҳои ташаккулёбии аудит ва дурнамои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар оғози ҷамъомад сардори раёсати илм ва инноватсия Е. Мирзоева перомуни мубрамии мавзуи мизи мудаввар нуқтаи назари хешро иброз дошта, қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини рушди босуботи ҳама соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ мақсадҳои стратегии худро дорад. Бинобар ин, такмили механизми фаъолияти санҷишию назоратӣ, ки яке аз корҳои ба пешрафти иқтисодиёти кишвар мусоидаткунанда ба ҳисоб меравад ва барои боз ҳам дар сатҳи олӣ иҷро кардани чорабиниҳои санҷишӣ замина мегузорад.
Сипас меҳмонон, мутахассисони соҳа ба сухан баромада, дар бораи мавзуи матраҳшаванда фикру андешаи худро баён доштанд. Аз ҷумла, Б. Каримов, дотсент, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мавзуи «Назорати дохилӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати аудит» ва П. Ҳалимов, директори ҶДММ «Тоҷик аудит сервис» дар мавзуи «Мушкилот ва дурнамои рушди аудит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан карда, андешаҳои ҷолиб иброз намуданд.
Гуфта шуд, ки дар шароити кунунӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷараёни ҳамгироии иқтисодии байналмилалӣ фаъолона ва бомаром қадам гузошта истодааст. Ташкилшавии маҷмуи соҳаҳои хоҷагӣ ва инкишофи иқтисодиёти он дар сатҳи нави сифатнок пайваста инкишоф меёбад. Ин аст, ки дар шароити ташаккулёбӣ ва пешравии иқтисодиёти бозорӣ имконият пайдо шуд, то амалиёти нави хоҷагидорӣ ба тариқи васеъ паҳн шавад ва ин раванд дар ояндаи наздик зарурати санҷиши мустақили фаъолияти молиявӣ-хоҷагидории субъектҳои иқтисодиро талаб менамояд. Ҳамчунин, дар ҷамъомад қайд гардид, ки дурнамои рушди аудит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз донишу малакаи мутахассисони соҳа, риояи меъёрҳои институтсионалӣ ва коркарди методологияи комили ватанӣ оид ба санҷишҳои аудиторӣ вобаста мебошад.
Барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд, иштирок дар чорабиниҳои илмӣ, мубодилаи афкор ва фароҳам овардани фазои солими илмӣ ба меҳмонон Б. Каримов, П. Ҳалимов ва устоди кафедраи аудит ва ревизия А. Оев сипоснома ва ба ғолибони викторина аз фанни аудит бошад, ифтихорнома супурда шуд.
Дар ҷамъбасти мизи мудаввар саволу ҷавоб ва музокира сурат гирифт.
Р. Саидов, дотсенти кафедраи аудит ва ревизия