Хабарҳо
Донишҷӯйи ДДМИТ ғолиби сабқати ҷумҳуриявӣ гардид
Кобулӣ Сафарализода, донишҷӯйи курси 1-и факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «Ушу» байни калонсолон иштирок намуд. Хушбахтона, ин донишҷӯйи донишгоҳ дар мусобиқаи мазкур дар вазни 65 кило сазовори ҷойи якум гардида, бо медал, Сипоснома ва Ҷом сарфароз гардид.
Ин мусобиқа рӯзҳои 3-4 июни соли равон дар Варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор гардид. Ин муваффақияти аввалини ӯ набуда, номбурда аз 6-солагӣ ба варзиш машғул шуда, то ҳол тамринро таҳти роҳбарии устоди варзиши ҷумҳурӣ Олег Гришин идома дода истодааст.
- Ман аз ин пеш 6 маротиба қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин риштаи варзиш шудаам. Имрӯзҳо бошад, ба сабқати ҷаҳонии «Ушу», ки рӯзҳои 26-27-уми августи соли равон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мегардад, иштирок намуда, ном ва Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардорам, - мегӯяд ӯ.
Мо Кобулӣ Сафарализода бо ин ғолибият табрик намуда, барояш пирӯзиҳои навбатиро орзумандем.
Тағоймурод Эшзода