Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Китобхонони беҳтарини донишгоҳ муайян гардиданд

Китобхонони беҳтарини донишгоҳ муайян гардиданд

Бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илм), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” доир мегардад. 
Ҳамасола дар ин озмун намояндагони ДДМИТ иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Имсол низ устоди кафедраи забони русӣ Ҷумъа Махшул ва шогирдони эшон Нурбекова Таманно ва Пиримова Шаҳло иштироки фаъолона доштанд ва дар номинатсияҳои худ сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. 
Рӯзи 6-уми июни соли 2023 дар литсеи ба номи Умари Хайёми н. Синои ш. Душанбе ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” маросими ҷоизасупорӣ баргузор гардид. 
Боиси ифтихор аст, ки дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар байни калонсолон Ҷумъа Махшул сазовори ҷойи дуюм ва диплом гардид. Дар ин баробар ду нафар донишҷӯдухтарони ДДМИТ низ аз донишу қобилияти зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии васеи худ дарак доданд, ки инҳо яке донишҷӯйи курси 3-юми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ Нурбекова Таманно ва дуюмӣ Пиримова Шаҳло, донишҷӯйи курси 4-уми факултети ҳисобдорӣ ва омор мебошанд, ки сазовори ҷойҳои дуюм гардида, бо диплом ва дар ҳаҷми 600 сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд. 


Е. Мирзоева, сардори раёсати илм ва инноватсия