Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баргузории даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат»

Баргузории даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат»

Донистани таърихи пурғановати халқи тоҷик тавассути мутолиаи шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» барои ҳар шахси инсондӯсту ватанпараст мояи ифтихор аст. Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров давраҳои пайдоиши таърихи миллати тоҷикро пурра фаро гирифта, нишони абадзиндаи миллати бостонӣ ва тамаддунофари тоҷик аст ва барои наслҳои имрӯзу ояндаи Тоҷикистону ҷаҳон далели раднопазир арзёбӣ мегардад. Омӯзиши таърих дар замони ҷаҳонишавӣ муҳимтарин омил дар самти худшиносиву худогоҳии миллӣ ба шумор меравад. Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ буда, арҷгузорӣ ба он рисолати ҳар як тоҷик аст. 
Ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши васеъ ва ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи халқи тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, санаи 8-июни соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» баргузор шуд. 
Озмун бо иштироки сардори раёсати илм ва инноватсия, муовинони декан оид ба илми факултетҳо, ҳайати комиссия ва донишҷӯён баргузор гардид. Сараввал сардори раёсати илм ва инноватсияи ДДМИТ Мирзоева Е. ба иштирокчиёни озмун барору комёбӣ таманно карда, қайд намуд, ки иқдоми мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ва бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ташкил шудааст. 
Бояд хотирнишон сохт, ки аз 13-ум то 18-уми феврали соли ҷорӣ дар ДДМИТ озмуни мазкур дар сатҳи факултетҳо баргузор гардида буд. Дар даври аввали озмун 210 нафар донишҷӯён иштирок намуда, тибқи талаботи низомномаи озмун ҳайати комиссия 27 нафар беҳтаринҳоро ба даври донишгоҳии озмун пешниҳод намуданд. 
Даври дуюми озмун бошад, санаи 22-юми феврал баргузор гардид, 8 нафар донишҷӯ холҳои баландро нисбати дигарон ба даст оварда буданд. 
Инак, дар даври сеюми озмун дар натиҷаи холгузории аъзои ҳакамон аз байни 8 нафар довталаб 3 нафар беҳтаринҳоро ба даври шаҳрии озмун, ки нимаи дуюми моҳи сентябр дар назар аст баргузор гардад, интихоб намуданд, инҳо: Холназаров Абдулҳамид, донишҷӯйи курси 1-уми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ, Исмоилов Иқбол, донишҷӯйи курси 3-юм ва Қудбидинов Азизхуҷа, донишҷӯйи курси 4-уми ҳамин факултет ҳастанд. 
Дар охир аъзои ҳакамон ба ҳамаи иштирокчиён барору муваффақиятҳо таманно намуда, барои ғолибон ҷиҳати баланд бардоштани обрӯю эътибори донишгоҳ дар давраҳои минбаъда маслиҳатҳои муфид доданд. 


Мирзоева Е.Ш., сардори Раёсати илм ва инноватсия