Хабарҳо
Дастраснамоии таҷҳизоти гумрукӣ
Пешрафти илму техника ва омода намудани кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазир дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат қарор дорад.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, санаи 20-уми декабри соли 2022 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Зимни ифтитоҳи бинои таълимӣ Пешвои миллат дастур дода буданд, ки лабораторияи таълимии кафедраи фаъолияти гумрукии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ бо навтарин таҷҳизот таъмин карда шуда, мутахассисони ояндаи соҳаи гумрук бевосита дар худи муассиса донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ кунанд. Ин аст, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои созандаи Роҳбари давлат аз ҷониби Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 13-уми июн ба лабораторияи таълимии кафедраи фаъолияти гумрукии ДДМИТ як қатор таҷҳизоти муосиртарини гумрукӣ тақдим карда шуд. Аз ҷумла, бастаи ошкоркунандаи маводи қочоқ, дозиметр-радиометр, дурбини назоратӣ, бастаи таълимӣ барои маводи таъиноти дутарафа, сигнализатори ҷустуҷӯӣ ва рефрежеант-анализатор ба лаборатория тақдим карда шуданд.
Мавҷудияти таҷҳизоти замонавӣ дар лабораторияи таълимӣ имкон медиҳад, ки мутахассисони ояндаи соҳаи гумрук донишҳои амалии худро сайқал диҳанд ва ҳамчун кадри рақобатпазир ва серталаб дар бозори меҳнат тарбия ёбанд. Яъне, бо боварӣ метавон гуфт, ки бо дастрас гардидани таҷҳизоти наву замонавӣ донишҷӯён дар баробари аз бар намудани донишҳои зарурӣ дар самти ихтисоси гумрук, инчунин, аз истифодабарии таҷҳизоти тахассусӣ ва дар амал татбиқ намудани донишҳои андухтаашон огоҳии пештар пайдо намоянд.