Хабарҳо
Бегматов А.А. таҷассумгари симои олими серамал
Бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти илмию педагогии олими барҷастаи соҳаи молия ва иқтисод, профессори кафедраи молияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ашурбой Ахманович Бегматов рӯзи 22 июни соли равон бо иштироки доираи васеи олимону шогирдон ва ҳамкорони устод ҳамоиши илмӣ доир гардид.
Онро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм Баҳром Сафаров кушода, дар бораи мактаби илмии олими тавоно Ашурбой Бегматов чанд сухан иброз дошт. Мавсуф қайд намуд, ки профессор Бегматов А.А. аз ҷумлаи олимони барҷастаи соҳаи иқтисодиёт буда, заминаи амиқи илмӣ ва дорои дараҷаи баланди дониши назариявӣ ва методологӣ ва мантиқи илмӣ мебошад, ки он барои таҳлилҳои пурқуввати мантиқи илмии ин олим заминагузор буда, эшонро дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт тавоно сохтааст.
Баъдан ҳамсабақони Бегматов А.А. профессор Ҷонмамадов Шермамад дар мавзуи «Чойгоҳи профессор Бегматов А.А. дар ташаккули илми тоҷик», профессор Абдулҳай Қурбонов дар мавзуи «Мактаби илмии профессор Бегматов А.А.», ҳамкорон профессор Шариф Раҳимзода, профессор Насриддинов Ф.Б. баромад ва аз даврони донишҷӯӣ ва ҳамкорӣ бо ин олими пуркор ёддоштҳои неки худро нақл карда, иброз доштанд, ки маҳз садоқат, масъулияти баланд, пухтакорӣ ва чашмикордонии устод Бегматов А.А. буд, ки ӯ ба ин қуллаҳои баланди илмӣ ва камолоти инсонӣ расидааст. Дар симои ин устоди пурмасъулият ва боистеъдод метавон симои муаллими воқеиро шинохт, зеро машғулиятҳои ӯ хеле шавқовар ва мароқангез мегузаранд, ҳатто устодони ҷавон низ мехоҳанд дар дарсҳои ӯ иштирок намуда, аз ӯ маҳорати педагогӣ ва дарки илми иқтисодиётро омӯзанд.
Ин қабил шахсиятҳо барои ҷомеаи илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле заруранд, зеро маҳз бо тарбияи олимони ҷавон, ки беш аз 20 нафарро ташкил менамоянд, ин олими пуркору серамал дар ташаккули илми иқтисодӣ саҳми беандоза калони хешро гузоштааст. Профессор Бегматов А.А. бо таълифи китобҳои дарсӣ ва васоити таълимии бешумор ва мақолаҳои илмии пурарзиш дар самтҳои гуногуни иқтисодӣ ва тарбияи олимони ҷавони соҳа мактаби илмии хешро таъсис додааст. Ин устод захираи бойи илми ДДМИТ маҳсуб меёбад ва аҳли коллективи меҳнатӣ аз ҳузури ин қабил олимони барҷаста дар қатори ҳайати профессорону омӯзгорони таълимгоҳ ифтихор дорад ва аз захираи ғании илмию маънавии ӯ васеъ истифода мебарад.
Профессор Бегматов А.А. аъзои шурои диссертатсионӣ ва аъзои шурои олимони ДДМИТ буда, дар қабул намудани қарорҳои ҳалкунанда дар фаъолияти ин шуроҳо нақши назаррас дорад ва роҳбарияти донишгоҳ ҳамеша аз маслиҳату машварати оқилонаи эшон самарманд корбаст менамояд.
Баъдан шогирди Бегматов А.А. муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими донишгоҳ Ҷурахонзода Баҳодур баромад карда, ба устод барои роҳбарӣ ва дастгириҳояш дар самти илм изҳори миннатдорӣ баён намуд. Мавсуф қайд кард, ки муваффақияти ҳар як олим, пеш аз ҳама, аз оқилӣ ва раҳнамоии ҳакимонаи роҳбари илмии ӯ вобаста аст ва муваффақияту дастовардҳои хешро маҳз маҳсули дастранҷи устод Бегматов А.А. донист ва ба ӯ изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Дар охир Бегматов А. баромад карда, барои қадршиносӣ ба раёсати донишгоҳ ва ҳамкорону шогирдон изҳори сипос намуда, як ҳикмати арзишманди зиндагиро баён сохт, ки ҷавонон дар зиндагӣ бояд соҳиби чаҳор сармояи асосӣ гарданд, ки ин сармояи саломатӣ, таҳсилот, фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ мебошад. Шахсе ба камолоти баланди маънавӣ мерасад, агар соҳиби ин сармояҳо бошад, гуфт дар охир профессор.
Ҳамин тавр, ҳамоиши илмӣ бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти илмию педагогии олими пурамал профессори кафедраи Ашурбой Бегматов дар фазои тантанавӣ ҷамъбаст гардид.
PS: Воқеан, Ашурбой Ахманович Бегматов дар донишгоҳ олими дараҷаи олӣ, инсони комил, хоксор ва донишманд ҳастанд. Кормандони шуъбаи табъу нашр дар забондонии эшон ва риояи имлои забони тоҷикӣ ва ифодаи фикр дар мақолаҳо ва навиштаҳояш хоҳ ба забони тоҷикӣ ва хоҳ ба забони русӣ ба устод Бегматов А.А. қоиланд ва аз эшон меомӯзанд.
Машҳура Абдуллоева