Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ободкориҳо дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ

Ободкориҳо дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ

Санаи 24-уми июни соли равон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон шанбегӣ доир гардид, ки дар он омӯзгорон ва кормандон иштирок карданд. 
Бино ба иттилои сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Ҷовидон Халифазода, дар шанбегӣ 75 нафар устодон ва 21 нафар кормандони хоҷагӣ ҳудуди донишгоҳ, кӯчаи Нахимов ва қитъаҳои ба муассиса вобасташударо рӯбучин ва тозаву озода гардонида, бехи 57 дарахт ва 2432 гулу буттаҳоро нарм намуданд. Ҳамчунин шохи дарахтон кӯтоҳу ба тартиб дароварда шуда, ҷӯйборҳои дохилӣ ва беруни донишгоҳ аз партовҳо тоза карда шуданд. 
Гузаронидани чунин ободкориҳо дар донишгоҳ пайваста анъана гардидааст ва барои ободу зебо намудани як гӯшаи диёр мусоидат менамояд. 


Тағоймурод Эшзода