Хабарҳо
Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлатдории навин
Таҳти ҳамин унвон бо ибтикори раёсати илм ва инноватсия, раёсати корҳои тарбиявӣ ва кафедраи фанҳои гуманитарӣ санаи 24-уми июни соли равон мизи мудаввари донишгоҳӣ баргузор гардид. Дар он бо суханони ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм Б.Сафаров баромад намуда, гуфт, ки маҳз ба шарофати кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ баста шуд ва минбаъд ваҳдати милӣ тақвият ёфт. Ҳамин ваҳдати миллӣ аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ рушд намуда истодааст, гуфт мавсуф.
Баъдан муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Б.Ҷурахонзода дар бораи моҳияти ваҳдати миллӣ ҳамчун таҳкимбахши пояҳои истиқлолияти давлатӣ баромади пурмуҳтаво намуд. Ӯ қайд намуд, ки ваҳдати миллӣ барои мардуми тоҷик майдони фарохи муаррифии таърихи бойи худро ба вуҷуд овард. Имрӯз бо шарофати ноил гардидан ба ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои амнтарин дар дунё эътироф гардида, мардуми онро ҳамчун мардуми сулҳдӯсту инсонпарвар мешиносанд.
Дар раванди таҳкими ваҳдат саҳми низоми маориф низ хеле назаррас аст. Роҳбарият ва устодони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон зери сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ кӯшиш менамоянд ва мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замонро омода месозанд, гуфт Чурахонзода Б.
Дар идома дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии донишгоҳ Сай-фулло Сафаров дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ омили пешрафти Тоҷикистон» ва сармутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ Мавҷуда Давлатова дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ кафил ва бақои миллат» ба-ромад намуданд.
Дар баромадҳо гуфта шуд, ки ваҳдати миллӣ барои мардуми мо дар баробари истиқлолият неъмати бебаҳо ва муқаддас аст. Ҳар як тоҷики ватандӯст бояд ифтихор аз он дошта бошад, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, тамаддунофар ва созандаву бунёдкор аст. Таҳкими сулҳу ваҳдатро, ки асоси суботи ҷомеа ба ҳисоб меравад, ҳамчун рисолати инсонӣ ва шаҳрвандии худ шумурда, бо ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва муҳаббати фарзандонаи худ ба Ватану миллат содиқанд.
Тағоймурод Эшзода