Хабарҳо
Ҳисоботи ректори ДДМИТ қаноатбахш аст
Рӯзи 26 июни соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷаласаи васеи Шурои олимон доир гардид, ки дар он Аскаралӣ Баротов, намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати профессорону устодон ва кормандони донишгоҳ иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, маърузаи ректори донишгоҳ Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти ДДМИТ дар соли таҳсили 2022-2023 ироа гардид, ки фарогири фаъолияти тамоми ҷабҳаҳои донишгоҳ дар муддати соли ҳисоботӣ буд.
Ректор сараввал аҳли нишастро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуда, афзуд, ки маҳз бо кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба ваҳдати воқеӣ расидем ва он заминагузори тамоми дастовардҳои мо мебошад.
Сипас ректор дар бораи натиҷаҳои фаъолияти яксолаи таълимгоҳ муфассал суханронӣ карда, барои соли оянда вазифаҳоро муқаррар ва масъулини соҳаҳои дахлдорро муваззаф кард. Дар баромади мавсуф ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти сохторҳо ҳамаҷониба таҳлил ва нисбати беҳбудӣ бахшидан дар самти корҳои таълимию методӣ, илмӣ, тарбиявӣ, равобити байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидорӣ андешаҳои ҷолиб иброз гардид.
Сараввал ректор дар бораи дастовардҳои соли сипаригардида истода гузашт ва чунин иброз дошт:
- Дар давраи ҳисоботӣ кормандону омӯзгорони донишгоҳ тавонистанд ба комёбиҳои чашмрас ноил гарданд. Ин, пеш аз ҳама, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кушода шудани бинои таълимии нав дар донишгоҳ, ки дар таърихи таълимгоҳ воқеаи беназир аст. Дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ сазовори ҷойи 4-ум гардидан, чопи 14 китоби дарсӣ, ҳимояи 3 рисолаи докторӣ ва 22 рисолаи номзадӣ дар як сол, кушодашавии озмоишгоҳҳои таълимии гумрукӣ, иқтисодиёти рақамӣ, озмоишгоҳи 1С-бухгалтерия ва бонки таълимӣ, ки барои ба амалия пайваст намудани донишҳои назариявӣ мусоидаткунанда аст. Дар баробари ин, дар донишгоҳ имсол чаҳор озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ бо ташаббуси кафедраҳои тахассусӣ ва олимпиадаи ҷумҳуриявии байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар таҳти унвони «Пояи давлат намонад бе маориф устувор...» дар сатҳи хеле баланд доир гардид ва дар он донишҷӯёни мо нишондиҳандаҳои беҳтарин нишон дода, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд ва номи таълимгоҳро баланд бардоштанд.
Имсол донишгоҳро 88 нафар бо дипломи аълочӣ хатм кард, ки ин ҳам дастоварди беҳтарин маҳсуб ёфта, аз сатҳи баланди донишазхудкунии толибилмон шаҳодат медиҳад.
Ба таъкиди ректор, раванди таълим дар донишгоҳ дар асоси нақшаҳои таълимии стандартӣ ба роҳ монда шудааст ва дар он 22 нафар доктори илм, 151 нафар номзади илм ва 200 нафар муаллими калону ассистент ҷалб гардидаанд. Барои бо сифати баланд ва мувофиқи талаботи замони муосир гузаронидани дарсҳо дар донишгоҳ 2300 адад таҷҳизоти муосири технологияҳои иттилоотӣ насб гардидааст, ки барои мукаммал гузаронидани машғулиятҳо истифода мешаванд ва барои болобурди сифати таълим бетаъсир намемонад.
Дар баробари пешравиҳои фаъолияти меҳнатӣ Абдуалимзода Ҳ., инчунин, аз баъзе камбудиҳое ёдовар шуд ва барои ислоҳи камбудиҳо масъулин муваззаф гардиданд.
Ҳ.Абдуалимзода дар тамоми самтҳо вазифаҳоро муқаррар намуд, ки барои пешравии кор ва ислоҳи монеаҳо нигаронида шудаанд. Масалан, дар самти таълим таҷдиди назар кардани лексияҳо, ҳангоми тақсимоти сарборӣ ба назар гирифтани касбияти омӯзгор, истифодаи босамар аз тахтаҳои электронӣ, дуруст ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии толибилмонро махсус таъкид намуд. Дар самти илм бошад, дар амалия татбиқ намудани назария, беҳтар кардани сифати маҳфилҳои илмӣ, дуруст ва сари вақт таҳрир намудани мақолаҳои илмӣ ва чопи саривақтии маҷаллаи илмии “Паёми молия ва иқтисод” дастурҳои мушаххас дод. Дар самти робитаҳои байналмилалӣ ҷалби бештари устодон ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва чопи варақаҳои махсуси тарғиботӣ дар бораи донишгоҳ барои донишҷӯёни хориҷӣ, омодагӣ барои гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалии донишгоҳ, дар самти корҳои тарбиявӣ ҷоннок намудани фаъолияти кураторони гурӯҳҳои академӣ, риояи либосҳои тавсиявӣ аз ҷониби донишҷӯён ва устодон, бештар навиштани мақолаҳои вокунишӣ дар масъалаҳои доғи рӯз ва ба монанди инҳо дастурҳо дода шуд.
Дар музокира Ҷурахонзода Б., муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, Ф. Қодиров, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Д.Хоҷазода, декани факултети молия ва қарз, Мирсаидов А., профессори кафедраи фаъолияти гумрукӣ иштирок ва фаъолияти яксолаи донишгоҳро қаноатбахш арзёбӣ намуда, аз корҳои дар самтҳои гуногун анҷомдодаи коллективи меҳнатӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд ва дар ин баробар, барои пешравии фаъолияти минбаъда, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дигар самтҳо фикру мулоҳизаҳои мушаххас пешниҳод карданд, ки қобили дастгирии аҳли толор ва раёсати шуро гардид.
Баъд аз ин ректори донишгоҳ Абдуалимзода Ҳ. дар боби қадрдонӣ ва сарфарознамоии устодону кормандон сухан карда, барои дастовардҳои бенуқсон дар фаъолияти корӣ дар самти таълим, илм, робитаҳои байналмилалӣ, тарбия, хоҷагӣ беҳтаринҳоро бо маблағи пулӣ қадрдонӣ кард.
Аз ҷумла ба муҳаққиқоне, ки рисолаҳои илмиашон аз ҷониби КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, диплом гирифтанд, аз ҷумла ба Содиқов М., Абдулвоҳидова Ф., Абдуллоева М., Ахмедов Ф., Қузиева Р., Латипова Г., Исайнова М., Оралбоев Ҳ., Миралиев С., Саидаҳмадов Ф. ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.
Ба роҳбарони илмии донишҷӯёни муваффақ, ки дар озмуну олимпиадаҳо ғолиб омадаанд, дар ҳаҷми 1000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.
Як қатор омӯзгорон ва кормандон барои фаъолияти пурсамар бо Ифтихорномаи донишгоҳ ва дар ҳаҷми 500 сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Хамзамон, ба 8 нафар бонувон – ғолибони озмуни донишгоҳии “Хушсалиқа” Ифтихорнома ва як либос матои атлас тақдим гардид.
Сардори шуъбаи амнияти донишгоҳ Ҷамшед Калаков бо медали ҷашнии Қушунҳои сарҳадии КДАМ сарфароз гардид.
Дар ҷамъбаст ректори таълимгоҳ ба аҳли нишаст истироҳати бофароғат дар рухсатии меҳнатӣ ва дар оянда фаъолияти аз ин ҳам пурмаҳсулро таманно намуд.
Машҳура Абдуллоева