Хабарҳо
Иштироки донишҷӯёни ДДМИТ дар «Донишгоҳи тобистона-2023»
Тақвияти робитаҳои хориҷӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои илмиву таълимии давлатҳои хориҷӣ яке аз самтҳои аосии фаъолияти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мебошад. Боиси тазаккур аст, ки дар ин самт ДДМИТ фаъол буда, ҳамасола шумораи зиёди устодону кормандон ва донишҷӯён ба муассисаҳои шарик барои табодули таҷриба ва азхудкунии донишҳои нав сафарбар карда мешавад.
Дар доираи чунин ҳамкориҳо як гуруҳ донишҷӯёни донишгоҳ ҷиҳати иштирок дар чорабинии байналмилалии таълимии ҷавонон «Донишгоҳи тобистона-2023» ба Донишгоҳи федералии Сибир (ш.Красноярск, Россия) ва Донишгоҳи федералии Урал (ш.Екатеринбург, Россия) сафарбар карда шуданд. Чорабинии мазкур аз 10-ум то 23-уми июл баргузор мегардад ва дар кори он донишҷӯён аз давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбекистон, Белорус, Гурҷистон, Бангладеш, Урдун, Чин, Муғулистон ва Эквадор иштирок мекунанд. Дастаи донишҷӯёни ДДМИТ дар ҳайати 13 нафар бо роҳбарии устодон дар се самт – менеҷмент, иқтисодиёт ва IT технолонияҳо иштирок хоҳанд кард. Дар назар аст, ки тӯли ду ҳафта барои иштирокчиёни чорабинӣ мастер-класҳо, лексияҳои кушод ва семинарҳои омӯзишӣ ташкил карда мешаванд. Ёдовар мешавем, ки «Донишгоҳи тобистона» бори сеюм аст, ки ташкил мешавад ва ҳамасола шумораи иштирокчиёни он зиёда шуда истодааст. Боварӣ дорем, ки донишҷуёни мо дар ин чорабинӣ донишу малакаи баланди худро нишон дода, бо сари баланд ба Ватан бармегарданд.