Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баргузории нишасти матбуотӣ

Баргузории нишасти матбуотӣ

- Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба тақвияти корҳои илмию тадқиқотӣ таваччуҳи бештар медиҳад ва ба муҳаққиконе, ки рисолаҳои номзадӣ ва ё докторӣ ҳимоя мекунанд, дастгирии молиявӣ карда мешавад. Дар соли 2023 25 нафар рисолаи докторӣ ва номзадӣ ҳимоя карданд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим, ки санаи 4 августи соли равон доир гардид. 
Дар оғоз ректори донишгоҳ роҷеъ ба дастовардҳои шаш моҳи аввали соли равон ба рӯзноманигорон маълумот дода, фаъолияти устодону донишҷӯён ва кормандонро назаррас ва самарманд арзёбӣ кард. Аз ҷумла дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ сазовори ҷойи 4-ум гардидан, чопи 14 китоби дарсӣ, ҳимояи 3 рисолаи докторӣ ва 22 рисолаи номзадӣ дар як сол, кушодашавии озмоишгоҳҳои таълимии гумрукӣ, иқтисодиёти рақамӣ, озмоишгоҳи 1С-бухгалтерия ва бонки таълимӣ, ки барои ба амалия пайваст намудани донишҳои назариявӣ мусоидаткунанда аст. Дар баробари ин, дар донишгоҳ имсол чаҳор озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ бо ташаббуси кафедраҳои тахассусӣ ва олимпиадаи ҷумҳуриявии байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар сатҳи хеле баланд доир гардид ва дар он донишҷӯёни мо нишондиҳандаҳои беҳтарин нишон дода, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд ва номи таълимгоҳро баланд бардоштанд. 
Имсол донишгоҳро 88 нафар бо дипломи аълочӣ хатм кард, ки ин ҳам дастоварди беҳтарин маҳсуб ёфта, аз сатҳи баланди донишазхудкунии толибилмон шаҳодат медиҳад. 
Гуфта шуд, ки айни ҳол дар донишгоҳ ду лоиҳаи сармоягузорӣ татбиқ мегардад, ки дар заминаи он барномаҳои таълимӣ омода гардидааст ва мубодилаи таҷрибаи омӯзгорон ба донишгоҳҳои Британияи Кабир ва Литва моҳҳои наздик бояд сурат гирад. 
Дар баробари ин, ректор ба ҳозирин дар бораи самти таълим, робитаҳои байналмилалӣ, хоҷагидорӣ низ маълумотҳои дақиқ пешниҳод карда, дар баробари ин ба саволҳои сершумори намояндагони ВАО посух дод. 
Зимни нишасти матбуотӣ намояндагони ВАО, аз ҷумла аз телевизиони “Сафина”, “Илм ва табиат”, “Ҷаҳоннамо”, АМИТ “Ховар”, радиои “Садои Душанбе”, радиои “Ховар” рӯзномаҳои “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Паёми Душанбе”, “Халқ овози”, “Оила” ва дигар нашрияҳо, дар умум 35 нафар ба нишаст ҳозир шуда, аксарият ба ректори таълимгоҳ вобаста ба самтҳои таълим, тарбия, корҳои илмию тадқиқотӣ, равобити байналмилалӣ, шарту талаботи таҳсилоти фосилавӣ, вазъи таъминот бо хобгоҳ, иҷрои нақшаи қабули довталабон, шумораи донишҷӯёни хориҷӣ ва шарту шароити таҳсили эшон, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар донишгоҳ, ҳавасмандгардонии муҳаққиқон, варзишгарон ва вазифаву нақшаҳои ояндаи роҳбарият пурсон шуда, посухҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд. 


Машҳура Абдуллоева