Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Рӯзи дониш дар ДДМИТ

Рӯзи дониш дар ДДМИТ

Бахшида ба Рӯзи дониш санаи 1 сентябри соли равон дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки устодону кормандон ва донишҷӯён маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар он Каримзода Ҷамшед, муовини аввали вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд. 
Ҷамъомадро Ҳакимбек Абдуалимзода, ректори ДДМИТ кушода, ҳозиринро бо оғози соли таҳсили 2023-2024 ва Рӯзи дониш муборакбод намуда, қайд кард, ки чун анъана, дарси аввали Рӯзи дониш бо дарси сулҳ оғоз мегардад ва он рамзист, зеро сулҳу оромӣ кафолатдиҳандаи рушду нумуи кишвар ва зиндагии осудаи мардум мебошад. 
Маҳз дар давраи соҳибистиқлолӣ рушд намудани соҳаи маориф низ аз суботи мамлакат ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст, гуфт ректор. Баъдан Ҷамшед Каримзода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон устодону донишҷӯёнро бо Рӯзи дониш табрик намуда, заҳмати омӯзгорро дар таълиму тарбияи ҷавонон ва насли наврас назаррас хонд. Муовини аввали вазири молия дар баромадаш таъкид дошт, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати мардуми кишвар ба давраи сифатан нави рушди иҷтимоиву иқтисодии худ ворид гардида, дар таҳкими минбаъдаи рукнҳои давлатдорӣ, раванди созандагиву бунёдкорӣ ва тарбияи насли солиму ояндасоз қадамҳои устувор гузошта истодааст. 
- Имрӯз дар назди омӯзгорон дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон вазифаҳои бисёр муҳим меистад, ки иҷрои он, аз як ҷониб, бисёр пурзаҳмат буда, аз тарафи дигар, кори арзишманд ва пуршараф мебошад, гуфт дар баромадаш Каримзода Ҷ. 
Мавсуф дар идома таъкид дошт, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо оила ва муассисаҳои таълимӣ наслеро тарбия карда, ба воя расонем, ки онҳо, пеш аз ҳама, дорои тафаккури созанда, ҷаҳонбинии фарох, мусаллаҳ бо донишҳои муосир, зираку соҳибмаърифат ва худшиносу ватанпарвар гардида, барои рушду ободии ояндаи кишвари соҳибистиқлол содиқона хизмат намоянд ва дар арсаи ҷаҳонӣ давлату миллати худро ба таври сазовор муаррифию пуштибонӣ карда тавонанд. 
Дар охири ҷамъомад Ҷ. Каримзода аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки аз шароитҳои созгор истифода бурда, барои рушди камолоти хеш ва баланд бардоштани ифтихори ватандориву худшиносиашон талош намоянд. 
Баъдан дар синфхонаҳо дарси сулҳ оғоз гардид. 


Машҳура Абдуллоева