Хабарҳо
Табрикоти ректори ДДМИТ Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим бахшида ба Рӯзи дониш
Устодону кормандон ва донишҷӯёни азиз!
Оғози соли нави хонишро ба ҳамаи Шумо сидқан муборакбод мегӯям. Иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш аз таваҷҷуҳи беандоза доштани Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф далолат медиҳад. Аз ин рӯ, ҷавобан ба дастгириҳои давлату ҳукумат ва хусусан ғамхориҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат аҳли коллективи меҳнатии донишгоҳ ба масъалаи беҳтар кардани сатҳу сифати таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони баландихтисос бояд диққати махсус дода, ба дараҷаи баланди таълиму тарбияи муҳассилин муваффақ гардем.
Воқеан ҳам, илму дониш аз замонҳои қадим то даврони мо неруи асосӣ ва воситаи пешбарандаи ҳар як ҷомеа маҳсуб меёбад. Зеро маҳз рушду тараққиёти ҳар як кишвар аз дараҷаи дониш, маърифатнокӣ ва соҳибкасбии аҳли ҷомеа вобастагӣ дорад.
Аз ин рӯ, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон чун яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар омоданамоии мутахассисони соҳаи молия ва иқтисод ва таъмини рушди иқтисодии кишвар саҳми худро мегузорад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд, “бунёди ҷомеаи солиму рушдёфта маҳз тавассути ташаккул додани илму маорифи пешрафта, ба роҳ мондани таълиму тарбияи мақсадноки ба арзишҳои миллӣ асосёфта, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, муҳайё кардани шароити муосири таълим дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, яъне бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани онҳо ва албатта, заҳмати содиқонаи аҳли маориф ва ҳамкориву дастгирии падару модарон имкон дошта метавонад”, ки қариб ҳамаи ин талабот дар муассисаи мо зина ба зина амалӣ гашта истодааст.
Мусаллам аст, ки оғози неки ҳар як ибтикорот ва фаъолият аз ҷаҳду талош ва масъулиятшиносии дастандаркорон вобаста аст. Ман итминони комил дорам, ки имсол низ аҳли коллективи меҳнатии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва толибилмони мо бо неруи тоза ва дастовардҳои бештар ба оғози соли нави таҳсил шуруъ намуданд, ки ин, бешубҳа, барои фаъолияти доманадори коллективи меҳнатӣ заминагузор аст.
Албатта, дар замони муосир, ки илму дониш ва технологияҳои навин рушд карда, ихтирооту наворариҳо ҳамарӯза меафзоянд, барои мутахассиси ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат будан бояд ҷавонони мо дастовардҳои навини илму технологияҳои инноватсиониро ба хубӣ аз худ карда, забонҳои хориҷиро донанд ва ташаббускору воқеан ҷӯёи дониш бошанд.
Боварии комил дорам, ки донишҷӯёни тоза ба таълимгоҳ пайваста аз ҳамаи шароитҳои муҳайёшуда самаранок истифода бурда, дар оянда мутахассисони қобилиятнок мешаванд. Ҳайати профессорону омӯзгорони таълимгоҳ бошанд, бо фаъолияти содиқонаву муташаккилона дар пешрафти минбаъдаи муассиса ва бештар кардани дастовардҳои он мекӯшанд ва сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, вазифаҳои хешро сидқан ичро мекунанд.
Бори дигар ҳамагонро бо оғози соли нави таҳсили 2023-2024 табрику таҳният гуфта, бароятон рӯзгори обод, саломативу хушбахтӣ, фаъолияти пурсамар ва таҳсили хубу аъло орзу менамоям.