Хабарҳо
Сазовор гардидани устоди ДДМИТ бо медали Хизмати шоиста
30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд.
Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон”, барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолӣ, аз ҷумла 105 нафар бо медали Хизмати шоиста сарфароз шуданд.
Боиси ифтихор аст, ки Наргис Аслонова, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забони тоҷикии ДДМИТ низ бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ гардид. Мо аҳли коллективи меҳнатии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон муаллимаи азизу арзанда Наргис Аслоноваро бо ин мукофоти давлатӣ муборакбод намуда, баҳраш дар фаъолияти минбаъда муваффақиятҳои нав ба навро таманно дорем. Мефахрем, ки намояндаи донишгоҳ низ дар арафаи ин ҷашни бузург аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадршиносӣ гардид.
Мукофоти давлатӣ муборак, Н. Аслонова!