Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Медали тилллои донишҷӯйи ДДМИТ

Медали тилллои донишҷӯйи ДДМИТ

Басо рамзист, аввали соли хониш бо дастовардҳо оғоз мегардад. Аз санаи 26 то 27-уми моҳи августи соли равон дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Рашт Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон баргузор гардид. Дар он зиёда аз 200 варзишгар аз тамоми манотиқи мамлакат иштирок намуда, барои ба даст овардани унвони чемпионӣ байни ҳам рақобат намуданд. Хушбахтона, дар рӯзи аввали мусобиқа дар вазни то 66 кг медали тилло насиби варзишгар - донишҷӯйи курси 3-юми ихтисоси андоз ва андозбандии факултети иқтисод ва бизнеси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Набии Нуралӣ гардид. Хотиррасон мешавем, ки ба ғолибони ҷойи аввал 5000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим шуд. 
Аз рӯйи натиҷаи Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон беҳтаринҳо ба мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон, ки 4-8 октябр дар Португалия ба нақша гирифта шудааст, равон мешаванд. Дар ин миён донишҷӯйи комёби мо низ шомил мебошад. 
Мо, Набии Нуралиро ба ин дастовард табрик намуда, баҳраш дар сабқати дарпешистода барору муваффақият таманно менамоем. Боварӣ дорем, ки бо иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ номи Ватани азиз ва донишгоҳро боз ҳам баланд мебардорад. 


Тағоймурод Эшзода