Хабарҳо
Истиқлолият - эҳёи миллат
Тибқи ҷадвали баргузории дарсҳои тарбиявӣ, санаи 6-уми сентябри соли равон дар факултети молия ва қарзи донишгоҳ ҳамоиши илмӣ-тарбиявӣ бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Истиқлолият - эҳёи миллат” баргузор гардид.
Сараввал декани факултет Д. Хоҷазода донишҷӯёнро бо фарорасии соли нави хониш табрик карда, иброз дошт, ки 9-уми сентябри соли 1991 халқи куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик ба дастоварди муқаддасу таърихӣ – Истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, ки мо имсол 32-юмин солгарди ин падидаи бузурги таърихи навини халқамонро бо эҳсоси гарми ватандорӣ ва ифтихору сарфарозӣ таҷлил менамоем. Дар назди таърих 32 соли давлатдорӣ ниҳоят кӯтоҳ аст. Аммо, новобаста аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандона ва сулҳофаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурсати кӯтоҳи кишварсозӣ тавонист дар масири давлатдории навини тоҷикон Истиқлоли сартосариро таъмин намояд.
Ҳоло кишвари азизамон - Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот бо иродаи устувори роҳбараш дар ҳолати рушд қадамҳои устувор мегузорад.
Абдулло Давлатзода, сардори раёсати тарбияи донишгоҳ зимни суханронӣ иброз дошт, ки Истиқлол ба мардуми шарифу заҳматқарини Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯҳу тавони нав бахшид. Маҳз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати истиқлоли комил ва Пешвои тамаддунофар доштанаш, дар қатори кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ, муаммоҳои глобалиро ҳаллу фасл намуда, пешниҳодҳои беназир дар самти бартараф намудани хатарҳои ҷаҳонӣ менамояд, ки аз нуфузи баланд доштанаш дар арсаи ҷаҳон дарак медиҳад.
Дар анҷоми ҳамоиш доир ба мавзуи пешниҳодгардида саволҳо аз ҷониби донишҷӯён пешниҳод гардид ва он бо музокира анҷом ёфт.
Тағоймурод Эшзода