Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳамоиши Истиқлол

Ҳамоиши Истиқлол

Бахшида ба ҷашни 32-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 7-уми сентябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиши илмию сиёсӣ таҳти унвони «32 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 фасли дафтари худшиносии миллат» доир гардид. Дар он Аскаралӣ Баротов, муовини сардори раёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯён иштирок карданд. Онро бо сухани табрикотӣ ректори таълимгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода ифтитоҳ намуда, аҳли толорро бо ҷашни Истиқлоли давлатӣ муборакбод гуфт ва дар бораи моҳияту дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ чанд андеша иброз дошт. Мавсуф, аз ҷумла, қайд кард, ки истиқлоли давлатӣ волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик буда, нишони ҳувият, ифтихор, номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллат мебошад. Маҳз истиқлолият ба мо имконият фароҳам овард, ки ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро таъмин намоем. Ҷашн гирифтани 32 соли Истиқлоли давлатӣ ин худ дастоварди беназир аст, чунки дар замони шиддат гирифтани муборизаҳои абарқудратҳои ҷаҳон ва авзои геополитикӣ ва пайдо шудани ҳар гуна ҳаракатҳои ифротӣ нигоҳ доштани истиқлолият худ комёбӣ аст. 
Ректор таъкид кард, ки дар ҳар як дастоварди даврони истиқлол саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле калон аст. Ӯ дар бораи дастовардҳои иқтисодии даврони истиқлол ёдовар шуда, сохтмони нақбу роҳҳо, рушди соҳаи энергетика, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиётро аз баракати Истиқлол дониста, онҳоро дар заминаи сиёсати Пешвои миллат рудшкарда донист. 
Абдуалимзода Ҳ. иброз дошт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ буда, хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон маҳсуб меёбад, ки шумораашон зиёда аз 90 миллион нафарро ташкил медиҳад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 20 фоизи тоҷикони ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, вале тоҷик будан ва тоҷик мондани аҳли чандинмиллионнафараи тоҷикони дунё аз ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва саъю кӯшиши ҳар як тоҷик вобаста аст, яъне нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ ва худшиносии миллии тоҷикони дунё аз мавҷудияти Тоҷикистони соҳибистиқлол вобаста аст, гуфт ректор. 
Дар идома Аскаралӣ Баротов аҳли толорро бо ҷашни миллӣ аз номи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик кард ва дар бораи моҳияти Истиқлоли давлатӣ андешаҳояшро иброз дошт. Ӯ таъкид дошт, ки маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатии кишвар имрӯзҳо соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа рӯ ба тараққӣ овардаанд. Истиқлолият рамзи саодати миллат, нишонаи пойдорӣ ва бахту саодат мебошад. Дар замони 32 соли истиқлолият таҳти сарварии Роҳбари оқил ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкурсии давлати соҳибистиқлол гузошта шуд, гуфт А.Баротов. 
Баъдан Сайфулло Сафаров, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар бораи решаҳои таърихии андешаҳои истиқлолиятхоҳии тоҷикон ва, ҳамзамон, масъалаҳои назариявии истиқлолият истода гузашт. Ӯ таъкид дошт, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ зодаи даврони истиқлол буда, имрӯзҳо ба маркази омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи молия ва иқтисод табдил ёфтааст ва бо иқтидори илмию техникие, ки дорад, аз ин ҳам бояд беҳтар бошад. 
Дар идома дар бораи дастовардҳои иқтисодии даврони истиқлол Саидакмал Мирсаидов, профессори кафедраи фаъолияти гумрукӣ маълумоти мукаммал ва возеҳ дод. Ӯ нишондиҳандаҳои рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар се соли охир таҳлил намуда, афзоиши ММД ба 117,8%, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳаҷми 120,8%, истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ба 125,3%, болоравии савдои хориҷӣ ба андозаи 139,5%, афзоиши сармоягузориҳои хориҷӣ ва давлатӣ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самтҳои афзалиятноки ҷомеаро махсус ба шарофати сулҳу истиқлоли кишвар донист. 
Дар охир раёсати донишгоҳ барои ҳавасмандгардонии кормандон ба ифтихори 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ қадрдонӣ намуд. 
Дар ҷамъбаст гуфта шуд, ки рисолати шаҳрвандии ҳар як нафар ин тақвияти пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи он мебошад. 


Машҳура Абдуллоева