Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таманно - ғолиби озмуни даври шаҳрӣ

Таманно - ғолиби озмуни даври шаҳрӣ

Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухангустар, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни тамоми зинаҳои таҳсилот озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” доир мегардад. 
Боиси ифтихор ва хушнудист, ки устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ дар ин озмун иштирок намуда, аз дониши васеъ ва қобилияти зеҳнӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва адабии худ дар миқёси ҷумҳурӣ дарак медиҳанд. 
Дар робита ба ин, санаи 6-уми сентябри соли равон дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи номинатсияи эҷодии назм Таманно Нурбекова, донишҷӯйи курси 4-уми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии донишгоҳ бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардид. 
Ин ғолибияту маҳбубият бе заҳмат ба даст наомадааст, зеро дар ин масир роҳнамои асосӣ шоири некандешу нексиришт ва устоди сахтгиру меҳрубон Ҷумъа Махшул кам нест, зеро устод пайваста дар китобхонаи донишгоҳ ҳамроҳи Таманно дар ҷодаи эҷоди шеърҳои баландмазмун роҳбари беминнат буда, ба ӯ тамоми нозукиҳои ин санъати нафисро меомӯзонад. 
Мо Таманно Нурбековаро бо ин ғолибият табрику муборакбод гуфта, умед бар он мекунем, ки ин донишҷӯи соҳибзавқу соҳибитеъдодамон дар ояндаи наздик бо эҷоди каломи сеҳрофарини худ адабиёти тоҷикро дар қатори дигар адибони кишвар ба ҷаҳониён муаррифӣ хоҳад кард. 


Е. Мирзоева, сардори раёсати илм ва инноватсия