Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Донишҷӯён аъзои китобхона шуданд

Донишҷӯён аъзои китобхона шуданд

Дар замони имрӯза ба китобу китобхонӣ, баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон дар самти мутолиаи китоб аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад ва барои он шароити даркорӣ муҳайё карда шудааст. Дар робита ба баландбардории завқи китобхонии донишҷӯён, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва иштироки онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат» санаи 13-уми сентябри соли равон донишҷӯёни курси якуми факултети молия ва қарз бо мақсади обуна шудан аз китобхонаи илмии ДДМИТ дидан намуданд. 
Дар ин кор онҳоро декани факултет Даврон Хоҷазода ва директори китобхонаи илмии донишгоҳ Абдуқаюм Юнусов ҳамроҳӣ намуданд. Дар китобхонаи электронии донишгоҳ зиёда аз 860 ҳазор нусха китоб ҷамъ оварда шудааст. Барои хизмат расонидан ба муштариён 56 ҷойи нишаст муҳайё карда шуда, айни ҳол барои хизматрасонӣ ба хонандагон 54 адад компютер насб гардидааст, ки 30-тои он ба шабакаи интернет пайваст буда, омодаи кор ва хизматрасонӣ мебошад. Донишҷӯён-хонандагон аз компютерҳои китобхонаи электронӣ, ки ба шабакаи интернет пайваст мебошад, метавонанд озодона истифода баранд. 
Лозим ба қайд аст, ки садорати факултет бо баргузории чунин чорабиниҳо дар оянда низ дигар иқдомҳои наҷибро баҳри ташаккули завқи донишҷӯён ба китобхонӣ ба нақша гирифтааст. 


Тағоймурод Эшзода