Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ғолибияти устоди мо дар чемпионати ҷаҳонӣ

Ғолибияти устоди мо дар чемпионати ҷаҳонӣ

Устоди кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандии донишгоҳ Наврӯз Арабов дар баробари таълиму тарбияи донишҷӯён дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ низ иштирок намуда, пайваста пирӯзӣ ба даст меорад. 
Боиси сарфарозист, ки ӯ дар мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи масс-рестлинг дар вазни 125 килограмм ва стромен, ки санаи 6-12-уми сентябри соли равон дар шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Узбекистон шуда гузашт, иштирок намуда, сазовори ҷойи савум гардид ва бо медалу туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукот сарфароз гардонида шуд. 
-Аз устоди кафедра Наврӯз Арабов мо дар ҷодаи тарбияи варзишгарон умедҳои калон дорем. Ғолибияти ӯ ифтихор ва пирузии устодони донишгоҳи мост, - гуфт дар суҳбат мураббии варзишгар Собир Шокиров. 
Мо, Наврӯз Арабовро ба ин пирӯзиаш табрик гуфта, дар ҷодаи фаъолияти омӯзгорию варзишиаш муваффақияту музаффариятҳои нав ба навро таманно менамоем. 


Тағоймурод Эшзода