Хабарҳо
Сафи олимон дар соҳаи илми иқтисод меафзояд
Бо баробари оғози соли таҳсил дар донишгоҳ дастовардҳои илмӣ низ ба даст оварда шуданд. Санаи 15-уми сентябри соли равон дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-014 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Халифазода Ҷовидон Бобохон диссертатсияи номзадиашро дар мавзуи «Арзёбии самаранокии кластерҳои агросаноатӣ дар минтақа (дар мисоли кластерҳои пахтаи минтақаи Хатлон)” аз рӯйи ихтисоси 08-00-03 -иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ зери роҳбарии Қудрат Давлатзода, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ бомуваффақият ҳимоя кард.
Мақсади таҳқиқот омӯзиши ҷанбаҳои назариявӣ-услубии ташаккули кластерҳо ва таҳияи пешниҳодҳои амалӣ оид ба баланд бардоштани самаранокии кластерҳои пахта дар минтақаҳои агросаноатӣ ба ҳисоб меравад. Навгониҳои таҳқиқоти илмиро асосноксозии ҷанбаҳои назариявӣ-методии ташаккули кластерҳои пахта ва пешниҳодҳо барои баланд бардоштани самаранокии иштирокчиёни занҷираи мазкур дар минтақаҳои агросаноатӣ ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки таҳқиқоти мазкур актуалӣ буда, барои дар амал татбиқ намудани он муаллиф якчанд тавсияҳои илман асоснок низ намудааст.
Мо Ҷовидон Халифазодаро бо ин дастоварди ниҳоят муҳим муборакбод намуда, барояш парвозҳои нави эҷодиро таманно карда, боварию умед дорем, ки корҳои илмии анҷомёфта барои пешрафти кишвар дар амалия татбиқ карда мешаванд.
Тағоймурод Эшзода