Хабарҳо
Ҷаласа бо кормандони хоҷагии донишгоҳ
Санаи 16-уми сентябри соли равон дар толори конфронсии ДДМИТ бо иштироки тамоми кормандони хоҷагию маъмурӣ ҷаласа доир гардид, ки дар он муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагӣ Диловаршо Муродов, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Абдулло Давлатзода ва сармутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ Мавҷуда Давлатова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баромадкунандагон дар бораи интизоми бошандагони хобгоҳҳо, пӯшидани сару либоси ягонаи фаррошон, ободу зебо гардонидани гирду атрофи таълимгоҳ, саҳни он, утоқҳои корию таълимӣ, хобгоҳҳо ва дигар иншооти ба он вобасташуда баромад намуда, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта таклифҳои судманд ироа намуданд.
Гуфта шуд, ки то ба имрӯз аз тарафи кормандони хоҷагӣ барои боз ҳам зебо ва хуррам гардонидани гирду атрофи биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишгоҳ гулҳо ва дарахтони ороишӣ шинонда шуда, назди бинои нави таълимӣ дар масоҳати 240 метри мураббаъ сабзакорӣ карда шудааст.
Гуфта шуд, ки ҳамасола аз ҷониби мутахассисони Муассисаи марказии муоинаи профилактикии тиббии худмаблағгузор ҶДДМ «Беҳдоштӣ» ва МНДСЭ-и шаҳри Душанбе устодон ва кормандони ДДМИТ аз муоинаи тиббӣ гузаронида мешаванд. Аз тарафи ҳамшираҳои шафқат ҷиҳати тозагии утоқҳои хобгоҳ, пешгирии ҳар гуна бемориҳо ва тарғиби тарзи ҳаёти солим бо донишҷӯён мунтазам вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад.
Дар охир муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагӣ Диловаршо Муродов ба саволҳои пешниҳодгардидаи кормандон ҷавобҳои қаноатбахш дод ва барои баланд бардоштани интизоми меҳнат супоришҳои мушаххас дод.
Тағоймурод Эшзода