Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Тақвияти робитаҳои байналмилалӣ

Тақвияти робитаҳои байналмилалӣ

Ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ яке аз ҳадафҳои асосии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар самти робитаҳои байналмилалӣ мебошад. Ҳамасола дар доираи чунин ҳамкориҳо санадҳои нави ҳамкорӣ ба тавсиб расонида мешаванд. 
Дар доираи чунин ҳамкориҳо санаи 6-уми сентябри соли ҷорӣ “Тафоҳумнома байни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишгоҳи кооперативии кишоварзии Корея ва ТОҶИКОР” ба имзо расонида шуд. Мавзуи асосии тафоҳумнома амалӣ намудани лоиҳаҳои рушд аз ҷониби ДДМИТ ва Донишгоҳи кооперативии кишоварзии Корея мебошад. Дар доираи ин ҳамкориҳо таъсиси барномаи “Мубодилаи муосири иттилооти таълимӣ ва табодули донишҷӯён” дар назар аст. Ҳамчунин, дар асоси тафоҳумномаи зикршуда таъсиси шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи кооперативии кишоварзии Корея, сафарбаркунии донишҷӯёни ДДМИТ барои кору таҳсил ба Ҷумҳурии Корея ва таъсиси маркази омӯзиши забони кореягӣ дар назар аст. 
Ҳамчунин, санаи 6-уми сентябр Намояндагии ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон (GIZ) ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ташриф оварданд. Меҳмононро муовини ректор оид ба илм Сафаров Баҳром қабул намуда, оид ба масъалаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ суҳбат намуданд. Ҳамзамон намояндагони ташкилоти мазкур аз базаи моддию техникии донишгоҳ дидан намуда, ба он баҳои баланд доданд. 
Дар анҷоми вохӯрӣ меҳмонон пешниҳод намуданд, ки дар донишгоҳ санаи 20.09.2023 тренинги омӯзишӣ дар мавзуи “Бехатарии интернет” дар байни омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ гузаронида шавад, ки ин иқдоми хуб ва самаранок барои баланд бардоштани маҳорати касбии устодони ДДМИТ мебошад.