Хабарҳо
Баргузории маҳфили «Чароғи маърифат» дар донишгоҳ
Санаи 20-уми сентябри соли равон бо ибтикори раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи фанҳои гуманитарии донишгоҳ маҳфили умумидонишгоҳии илмӣ- тарбиявии “Чароғи маърифат” дар мавзуи “Саҳми динҳои космологӣ дар инкишофи илми нуҷум” баргузор гардид.
Дар оғоз сардори раёсати илм ва инноватсия Е. Мирзоева маҳфилро кушода, қайд кард, ки дар байни инсонҳои қадим парастиши офтоб, моҳтоб, дигар ашёву ситораҳо расм шуда буд. Одамони қадим ба шарофати ин ҷирмҳои осмонӣ, ки ин ҷирмҳоро ба сифати худо парастиш мекарданд, маъбадҳои махсус низ бунёд мекарданд. Дар ин маъбадҳо мӯбадони он дину оинҳо шабонарӯз ибодат карда, аз пайи омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ мешуданд. Бинобар ин, парастиши ҷирмҳои осмонӣ дар байни одамони қадим паҳн шуда буд. Дар навбати худ, ин бовариҳо заминаи асосӣ барои рушди илми нуҷум гаштанд.
Сипас Ф. Ахмедов, номзади илмҳои таърих дар доираи мавзуи матраҳшаванда сухан иброз дошта, гуфт, ки дар давлатҳои қадимаи Шумер, Акад, Бобул, Ошур ва Элом илми нуҷум ниҳоят инкишоф ёфта буд. Мӯбадони ин давлатҳо дар бораи коинот, системаи офтобӣ, таркиши бузург, обхезии бузург ва ситораҳо маълумоти нопурраи ибтидоӣ доштанд. Онҳо ақидае доштанд, ки офтоб ба мисли як шаъми ҳамеша фурӯзонест, ки агар мабодо хомӯш шавад, дар тамоми замин торикии абадӣ ҳукмфармо гардида, бо ҳамин ҳаёт дар рӯи замин ба охир мерасад. То пайдоиши қутбнамо баҳрнавардон аз рӯи мавқеи ҷойгиршавии ситораҳо самти ҳаракаташонро муайян мекарданд.
Ориёиҳо 1 солро ба ду фасл – дай, хунукӣ - 6 моҳ ва гармӣ - 7 моҳ ҷудо карда буданд. Онҳо 13 моҳи солро ба шарофати 13 фариштаи ориёӣ номгузорӣ карда буданд. Гузаштагони мо Офтобро манбаи асосии нуру гармӣ ва ҳастӣ дар рӯи Замин медонистанд.
Дар анҷом устодон ва донишҷӯён ба музокира баромада, дар доираи мавзуъ андешаҳои судманд баён намуданд.
Тағоймурод Эшзода