Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баррасии муносибатҳои иқтисодӣ дар шароити мушкилоти глобалӣ

Баррасии муносибатҳои иқтисодӣ дар шароити мушкилоти глобалӣ

Вобаста ба сафари давлатии Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 19-уми сентябри соли равон дар кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қатар дар шароити мушкилоти глобалӣ” баргузор гардид, ки дар он олимону коршиносони донишгоҳ ва устодону кормандон ширкат варзиданд. Вобаста ба мавзуъ мудири кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ М.Содиқов маъруза намуда, оид ба таърихи муносибатҳои дипломативу иқтисодӣ ва тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қатар ва ҷараёни сафарҳои кории сарони давлатҳо сухан ронд. 
Гуфта шуд, ки дар ҷараёни ҷаҳонишавӣ ва суръати баланди рушд касб кардани иқтисоди ҷаҳон, ташкил ва густариши муносибатҳои дипломативу иқтисодӣ бо мамлакатҳои дорои иқтисоди мустаҳками ҷаҳон ба Тоҷикистон имкониятҳои нави рушд фароҳам оварда меорад. Ҷомеаи ҷаҳони муосирро мушкилоти глобалӣ фарогир аст. Таҳкими муносибатҳои дипломативу иқтисодӣ ва иштирок дар гурӯҳҳои интегратсионӣ роҳе баҳри пиёдасозии мушкилоти глобалист. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли масоили байналмилалӣ саҳми босазо дорад. 
Қайд гардид, ки муносибатҳои дипломативу иқтисодӣ бо давлатҳои шарик моро метавонад ба ҳадафҳои рушди устувор оварда расонад. Дар пояи ташкили муносибатҳои дипломатӣ ва иқтисодӣ ҳамкориҳои байни давлатҳо бештар гардида, ба ҷараёнҳои дигари иқтисодӣ, аз қабили сармоягузорӣ таъсири мусбат мерасонад. Дар музокира устодон Е.Мирзоева, Ф.Убайдов ва Х.Давлатов иштирок карда, қайд намуданд, ки муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қатар заминаи муҳим баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии рушди иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад. 


М.Ҳамроев, муовини сардори раёсати илм ва инноватсия