Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Вохӯрӣ баҳри тақвияти тарбияи ватандӯстӣ

Вохӯрӣ баҳри тақвияти тарбияи ватандӯстӣ

22-юми сентябри соли равон бо ибтикори раёсати корҳои тарбиявӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯрии донишҷӯёни факултети иқтисод ва биснес бо кормандони ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамяроқ» баргузор гардид. Нахуст вохӯриро дотсенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионии донишгоҳ Саидалӣ Ҳаитов оғоз намуда, иброз дошт, ки имрӯзҳо тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти донишгоҳ қарор дорад. Ҳамин аст, ки сафи донишҷӯёне, ки мехоҳанд ихтиёран дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намоянд, рӯз аз рӯз афзуда истодааст. 
Роҳбари ташкилоти «Ҳамяроқ» Сайдаҳмад Давлатов ва дигар аъзоёни он дар суханронии худ аз дар бораи ватандӯстӣ, уҳдадории ҳатмии ҳарбӣ, шараф будани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳувияти миллӣ, одобу ахлоқи ҷавонон ва худшиносии миллӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон баромадҳои пурмуҳтаво намуданд. 
Гуфта шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди солҳои вазнин гузашт ва он имрӯз ба як неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфта, барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз собитқадамона рушду такомул меёбад. 
Дар идома Абдулло Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ назари худро перомуни мавзуъҳои фавқуззикр баён намуда, дар бораи интизоми ҷавонон, сиёсати пешгирифтаи давлатро дастгирӣ кардани ҷавонон изҳори андеша намуд. 
Бояд гуфт, ки ин қабил вохӯриҳо барои тақвияти тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва бедор кардани ҳисси ифтихор аз Ватан замина мегузоранд. 


Тағоймурод Эшзода