Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷойгоҳи осори устод Рӯдакӣ дар ташаккули ҳувияти миллӣ

Ҷойгоҳи осори устод Рӯдакӣ дар ташаккули ҳувияти миллӣ

Санаи 22-юми сентябри соли равон тибқи нақшаи кории раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи забони тоҷикӣ дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо иштироки донишҷӯён бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ озмуни «Рӯдакихонӣ» гузаронида шуд. 
Чорабиниро сардори раёсати илм ва инноватсия Е. Мирзоева кушода, қайд кард, ки устод Рӯдакӣ бо хидматҳои бузургаш дар ташаккулу поягузории фарҳангу адабиёти тоҷик ба ин мақоми таърихӣ расидааст. Ӯ дар таърихи халқи тоҷик аввалин суханварест, ки таҷрибаҳо ва муваффақиятҳои гузаштаи худро дар соҳаи адабиёти форсӣ ҷамъбаст кардааст. Ҷаҳониён Рӯдакиро яке аз асосгузорони жанрҳои назми форсӣ: достон, рубоӣ, қасида, ғазал ва ғайра пазируфтаанд. 
Сипас, донишҷӯён дар назди ҳозирин порчаҳои шеъриро аз абёти устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ қироат намуда, доир ба фаъолияту рӯзгори ӯ маълумоти муфассал доданд. Роҳбари маҳфили илмӣ-адабии “Сайри сухан” Ҷумъа Махшул ҳамаи ширкатварзидагонро ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ табрик намуда, иброз дошт, ки ин ҷашни миллии мост. Зеро маҳз тавассути устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мардуми олам миллату кишвари моро мешиносанд ва эътироф мекунанд. 
Муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ С. Муҳаммадиева аз суханрониҳои Пешвои муаззами миллат ёдовар шуда, чунин иброз дошт: “Забони шеъри Рӯдакӣ забони меъёр ва забони адабии мост, ки онро бо гузашти дувоздаҳ аср мо имрӯз низ истифода мебарем ва бо шеъри Рӯдакӣ ҳар рӯз сухан мегӯем”. 
Озмунро ҳайати ҳакамон Е. Мирзоева, М. Раҳмонов, Ҷ. Махшул, С. Мирзоев ва М. Ҳасанова ҷамъбаст намуда, натиҷаҳоро муайян карданд. 
Дар анҷом, ҷойи 1-ум ба донишҷӯйи курси 1-уми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Аниса Ғаюрова, ҷойи 2-юм ба донишҷӯйи курси 1-уми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Дурандеш Давлатов ва донишҷӯйи курси 1-уми факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Хосият Олишева, ҷойи 3-юм ба донишҷӯйи курси 1-уми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Умедаи Хуҷамурод ва донишҷӯйи курси 2-юми факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Юсуф Талабов дода шуд. 
Баргузории озмуни “Рӯдакихонӣ” дар донишгоҳ иқдоми нек буда, барои дарёфти чеҳраҳои нави адабӣ замина муҳайё мекунад. 


Е. Мирзоева, сардори раёсати илм ва инноватсия