Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Обунашавии донишҷӯён дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Обунашавии донишҷӯён дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Дар робита ба баландбардории завқи китобхонии донишҷӯён, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва иштироки онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ санаи 23-юми сентябри соли равон зиёда аз 200 нафар донишҷӯёни курси аввали факултети иқтисод ва бизнеси ДДМИТ аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, обуна шуданд. 
- Дар бораи аҳмияти китобу китобхонӣ, баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон дар самти мутолиаи китоб аҷдодони мо аз қадим ба китобу китобхонӣ арҷ гузошта, онро муқаддас медонистанд.Тоҷикон аз аввал китобдӯстдор буданд ва ин анъана то ба рӯзҳои мо идома дорад. Ин моро водор месозад, ки бештар ба илм таваҷҷуҳ зоҳир намуда, сафи донишҷӯёни болаёқат ва олимони ҷавонро зиёд ва иштироки бештари толибилмону омӯзгоронро дар озмунҳо таъмин намоем,-гуфт дар суҳбат декани факултети иқтисод ва бизнес Амрулло Нурализода. 
Бо баргузории чунин чорабиниҳо дар оянда садорати факултет мехоҳад ташаккули завқи донишҷӯёнро ба китобхонӣ аз соли аввали таҳсил зиёд намояд. 


Бахтовар Давлатов, эдвайзер оид ба тарбияи факултети иқтисод ва бизнес