Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ

Риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ

Бо ибтикори раёсати корҳои тарбияи донишгоҳ санаи 26-уми сентяри соли равон дар толори конфронсии ДДМИТ вохӯрии сардори шӯъбаи молиявию ревизионии РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Умедҷон Иброҳимзода бо омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид. Намояндаи мақомот ҳангоми баромад дар бораи риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми убури роҳҳо ва истифодаи нақлиётҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқҳои мусофирон ва ронандагон, истифодаи дурусти нақлиёти шахсӣ аз тарафи донишҷӯён, раванди ҷаҳонишавӣ, вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, пешгирии кирдорҳои номатлуб, истифодаи самараноки вақт, телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори андеша намуд. 
Гуфта шуд, ки ягон ҷабҳа ва сохторро бе фаъолияти молиявию иқтисодӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, шумо насли хушбахтед, ки ин ҷодаро интихоб намудед. Шуморо мебояд, ки дар самти мақсади асосии донишҷӯ, ки омӯхтани илму дониш мебошад, фаъол бошед, дар бораи ҳуқуқҳои хеш огоҳии пурра пайдо намуда, аз ҷиҳати рафтор ва одобу ахлоқ намуна бошед. 
Дар идома Абдулло Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ назари худро перомуни мавзуъҳои фавқуззикр баён намуда, зимнан ғановати маънавӣ, таҳаммулпазириву инсондӯстӣ, меҳанпарастию ҳифзи муқаддасоти миллиро аз ҷумлаи омилҳои асосии пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол маънидод кард. 
Ҳадаф аз ташкил ва гузаронидани чунин вохӯриҳо барои тақвияти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни донишҷӯён ва бартарафсозии омилҳои ба он мусоидаткунанда дар ҷомеа мебошад. 


Тағоймурод Эшзода