Хабарҳо
Масъалаҳои таълиму тарбия дар меҳвари таваҷҷуҳ
Чун ҳамасола бо мақсади аз наздик шинос шудану огаҳӣ ёфтан аз вазъи таълиму тарбияи донишҷӯён, фаъолияти таълимӣ, давомот ва иштироки онҳо ба дарсҳо санаи 26-уми сентябри соли равон ректори ДДМИТ Ҳакимбек Абдуалимзода дар толори таълимии донишгоҳ бо донишҷӯёни курси якуми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ вохӯрӣ доир намуд.
Муҳтавои мавзуи суҳбатро асосан масъалаҳои риояи талаботи қоидаҳои донишҷӯӣ, аз ҷумла ҳавасмандгардонии донишҷӯёни фаъол аз тарафи раёсати донишгоҳ, риояи тартибу интизом, омодагӣ ба дарсҳо, рӯ овардан ба китобу рӯзнома, обуна шудан ба китобхонаҳо, ширкат дар озмуну маҳфилҳои зеҳнӣ, самаранок истифода бурдани вақт, муносибати дуруст ва эҳтироми устодону ҳамсабақон, ҳамчунин, дар ҳолати хуби санитарӣ-гигиенӣ нигоҳ доштани дарсхонаю толорҳои таълимӣ, асбобу анҷоми хониш ва ҷойи зист дар хобгоҳ фаро мегирифт. Илова бар ин, ректор дар баробари донистани забони давлатӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, бархӯрдорӣ аз техника ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии муосир ва доштани ҳувияти миллиро таъкид намуда, иброз дошт, ки имрӯз донишгоҳ бо 112 донишгоҳи хориҷӣ робитаҳои ҳамкорӣ барқарор намуда, дар панҷ соли охир зиёда аз 150 нафар донишҷӯ бо донишгоҳҳои бурунмарзӣ фиристода шудаанд.
Гуфта шуд, ки барои таҳсил дар муассиса тамоми шароитҳо муҳайёст ва аз он самаранок истифода бурда, бо гирифтани донишҳои замонавӣ метавон ҷаҳонбии илмиро васеъ кард. Чунин тарзи муносибат ва амал барои мутахассиси хуб ва рақобатпазир будан дар бозори меҳнат имконият медиҳад.
Дар охири вохурӣ чанд нафар донишҷӯ ба ректор бо саволҳо муроҷиат намуда, ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Баъд аз анҷоми суҳбат ректор ба масъулини самти таълиму тарбия ва садорати факултет супоришҳои қатъӣ дод.
Ташкили чунин суҳбатҳои озод бо донишҷӯёни дигар факултетҳо дар оянда низ дар назар дошта шудааст.
Тағоймурод Эшзода