Хабарҳо
Тақвияти ҳамкориҳо бо Намояндагии ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон (GIZ)
Робитаҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳолати рушд қарор дошта, пайваста бо шарикони хориҷӣ чорабиниҳои сатҳи гуногун гузаронида мешаванд.
Аз ҷумла, санаи 20.09.2023 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз ҷониби Намояндагии ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон (GIZ) тренинги омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он 15 нафар устодону кормандони донишгоҳ ширкат варзиданд.
Дар тренинг ба иштирокчиён масъалаҳои маърифати компютерӣ ва бехатарии маҷозӣ омӯзонида шуданд. Дар фарҷоми тренинг ба иштирокчиён аз ҷониби ташкилоти Намояндагии ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон сертификатҳо супорида шуданд.
Дар асоси санадҳои ҳамкорӣ тибқи нақша минбаъд низ аз ҷониби ин ташкилоти бонуфуз дар ДДМИТ курсҳо ва тренингҳо ташкил карда мешаванд.