Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Шукуҳу шуҳрати ду ахтари нур

Шукуҳу шуҳрати ду ахтари нур

Таҳти ҳамин унвон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор санаи 3-юми октябр дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи устодону кормандон ва донишҷӯён чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабиниро ректори донишгоҳ Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ҷашнҳои бузург – Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор табрику таҳният гуфта, ба иштирокчиёни чорабинӣ комёбиҳо таманно намуд. Қайд карда шуд, ки ҳамчун рӯзи алоҳида таҷлил гардидани Рӯзи омӯзгор далели эҳтирому эътиқоди ҷомеа ба аҳли таълиму тарбия буда, аз мақому манзалати волои омӯзгор башорат медиҳад. Тоҷикон аз қадим ихлосманду сипосгузори омӯзгорон буданд, ҳамеша ба онҳо сари таъзим фуруд меоварданд ва ситоишашон мекарданд. Зимни баромад таъкид карда шуд, ки сиёсати хирадмандонаю маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ба болоравии обрӯю эътибори омӯзгор ва мавқеи ҷамъиятии ӯ мусоидат кардааст. Сарвари давлат борҳо таъкид кардаанд, ки «миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад». 
Ҳамчунин, ректори муассиса қайд кард, ки мақоми давлатиро касб кардани забони тоҷикӣ, борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид садо додани лафзи ширини тоҷикӣ, бешак, корномаҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мояи ифтихору сарбаландист, ки Сарвари давлат забонро ба ҳайси рукни асосии бинои ҳастии миллат ва устувории давлат, ҳамчун муқаддасоти миллат арҷ мегузоранд. Таълифи асари калонҳаҷми дуҷилдаи беназири «Забони миллат-ҳастии миллат» ҳам натиҷаи заҳматҳои беандозаи Президенти кишвар нисбат ба забони модарӣ мебошад. Маҳз бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» таҳия ва қабул гардид, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт ва соли 2008 Соли забони тоҷикӣ эълон шуд. 
Сипас, дар асоси фармоиши ректори ДДМИТ ба 30 нафар профессорону устодон ва кормандони донишгоҳ барои фаъолияти бенуқсону босамар Ифтихорномаи ДДМИТ ва 500 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим карда шуд. Ба се нафар кормандони донишгоҳ-омӯзгори кафедраи математикаи олӣ Солиев М., сардори шуъбаи амният ва бехатарӣ Ҳабибуллозода Ҷ. ва сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Махсутшоева З. дар вазъияти тантанавӣ нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» супорида шуд. Ҳамчунин Қодиров Ҷ., Зарипов М., Сабуров У., Нусратзода М., Нурализода А., Раҳмонзода М., ва Махшулов С. барои таҳияи мақолаҳои илмиву оммавӣ дар рӯзнома ва маҷаллаи илмии донишгоҳӣ бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ мукофотонида шуданд. Ҳамчунин, ба донишҷӯи курси чоруми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ Нурбекова Таманно барои ишғоли ҷойи сеюм дар даври шаҳрии озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» диплом ва ба донишҷӯи курси якуми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Ғаюрова Муниса барои ғолибият дар озмуни «Рӯдакихонӣ» ифтихорнома супорида шуд. Ҳамчунин, дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ ҳамаи устодону кормандон бо мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд. 
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳанги донишгоҳ барномаи рангини фарҳангиву фароғатии тараннумгари меҳнати омӯзгор ва волоияти мақоми забони давлатӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд. 


Фаридун Сафарзода