Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баргузории машварати илмӣ

Баргузории машварати илмӣ

Бо мақсади сайқал додани донишҳои устодони ҷавон, унвонҷӯён, докторантон аз рӯйи ихтисос ҳар моҳ дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи роҳбарияти донишгоҳ семинарҳои илмӣ бо иштироки профессорон гузаронида мешавад. 
Чунин машварат санаи 29-уми сентябри соли равон дар мавзуи “Методологияи навиштани корҳои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯйи ихтисос”-ро бо иштироки д.и.и., профессори кафедраи менеҷмент Иномҷон Аминов баргузор гардид. 
Мақсади фаъолияти семинарҳои илмии профессорон дар донишгоҳ ин васеъ намудани робитаҳои илмӣ, пайвасти илм бо амал, ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳимми илмӣ ҷалб намудани устодон, аспирантон, унвонҷӯён, докторантон (PhD) ва магистрантон буда, барои баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисон бо роҳи аз худ намудани дастовардҳои пешқадами илмию техникӣ ва малакаи таҷрибавӣ, баланд бардоштани масъулияти олимони донишгоҳ дар самти тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва устувор гардонидани ҳамкориҳо бо муассисаҳои истеҳсолӣ ва идоравӣ ба ҳисоб меравад. 
Қайд намудан зарур аст, ки машваратҳои илмии профессорони донишгоҳ бо мақсади сайқал додани дониш, маҳорат, огоҳ гаштан аз навгониҳои илмӣ, маслиҳатдиҳӣ ба устодони ҷавон ва бо ин восита баланд бардоштани истеъдоди устодони донишгоҳ амал мекунад. 


Е. Мирзоева, сардори раёсати илм ва инноватсия