Хабарҳо
Таҳкими муносибатҳои судманди иқтисодӣ
2-юми октябри соли равон дар бинои таълимии ДДМИТ маҳфили умумидонишгоҳии “Коршиноси иқтисодӣ” дар мавзуи “СҲШ ҳамчун модели нави ҳамгироии иқтисодии байналмилалӣ” баргузор гардид. Мудири кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ М.Содиқов дар доираи ин мавзуъ баромад кард.
Гуфта шуд, ки рушди муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо субъектҳои хоҷагидор дар самти татбиқи манфиатҳои миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи давлат ба ҳисоб меравад. Дар шароити рушди муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ яке аз омилҳои муҳими таҳкими муносибатҳои судманди иқтисодӣ байни кишварҳо иттиҳодияҳои байналмилалии минтақавӣ мебошанд. Яке аз чунин иттиҳодияҳои байналмилалии минтақавӣ имрӯз Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати дарҳои бозро эълон кардааст ва барои рушди равандҳои ҳамгироӣ талош мекунад, яке аз муассисони ин созмон маҳсуб меёбад.
Дар охири музокира устодони донишгоҳ оид ба рушди ҳамгироии иқтисодӣ табодули назар карданд ва раиси маҳфили “Коршиноси иқтисодӣ” профессор Ф.Насриддинов дар бораи мубрамият ва таҳкими равандҳои ҳамгироӣ сухан ронда, ҷаласаро ҷамъбаст намуд.
Тағоймурод Эшзода