Хабарҳо
Иштироки намояндагони ДДМИТ дар олимпиадаи байналмилалӣ
Бо ташаббуси Хадамоти мониторинги молиявии Федератсияи Россия ва Институти шабакавии байналмилалӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм баргузории Олимпиадаи байналмилалии бехатарии молиявӣ аз санаи 2-юм то 6-юми октябри соли равон дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия ба нақша гирифта шудааст.
Олимпиадаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати иттилоотӣ, молиявӣ ва ҳуқуқии донишҷӯён, дарёфти ҷавонони боистеъдод, ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодии онҳо, фаъолияти таълимӣ-омӯзишӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи бехатарии молиявӣ ва муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, рушди шахсият, мусоидат дар интихоби касбии донишҷӯён гузаронида мешавад.
Даври аввали донишгоҳии олимпиадаи байналмилалии бехатарии молиявӣ санаи 13 майи соли равон дар донишгоҳ, ки дар он 45 донишҷӯ иштирок доштанд ва аз рӯи самтҳои иқтисодиёт, молия ва қарз, бехатарии иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ, бехатарии иттилоотӣ, муносибатҳои байналхалқӣ баргузор гардид.
Олимпиадаи байналмилалии донишҷӯён ба муайян намудани роҳу усулҳои беҳтари таълим, такмили фаъолияти таълимии донишҷӯён, болоравии сифати тайёр намудани мутахассисон, инкишофи қобилияти зеҳнӣ, эҷодӣ ва илмӣ- тадқиқотӣ нигаронида шудааст.
Боиси ифтихор аст, ки 3 нафар донишҷӯи мо: Баҳриддин Рустамов, донишҷӯи курси 3-юми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, Салимҷон Заробов, донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳисобдорӣ ва омор ва Дилноза Мадализода, донишҷӯи курси 3-юми факултети молия ва қарз ба даври ниҳоии олимпиада сафарбар гардиданд.
Мо ба дастаи олимпии ДДМИТ бурдбориҳо таманно намуда, боварии комил дорем, ки бо дастовардҳои беназир ба Тоҷикистон бармегарданд.
Е.Мирзоева, сардори раёсати илм ва инноватсия