Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳамоиши ҳизбиён оид ба гиромидошти забони давлатӣ

Ҳамоиши ҳизбиён оид ба гиромидошти забони давлатӣ

Санаи 4-уми октябри соли равон дар толори фарҳангии ДДМИТ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Зарина Файзуллозода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофиддинзода, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҷӯрабек Муродов, шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ва муовини ректор оид ба илми ДБЗТ ба номи Сотим Улуғзода Илҳом Камолов ҳамоиши ҳизбиёни ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид. 
Гуфта шуд, ки ҳар як миллат бояд забони худро дошта бошад ва ин барои мустақилияти давлат яке аз унсурҳои асосӣ мебошад. Имрӯзҳо забони тоҷикӣ забони илм гардидааст ва ба он таҳқиқотҳои илмӣ навишта мешаванд, ки аз волоияти он дарак медиҳад. 
Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки забони тоҷикӣ бе маҳдудият дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавриди истифода қарор бигирад ва рушди бештар касб намояд. Ин воқеият барои бунёду ташаккули истилоҳоти соҳаҳои мухталиф заминаи созгор муҳайё намуд. 
Густариши забони давлатӣ тавассути амалӣ намудани як силсила тадбирҳо, ки маҳз бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудаанд. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи мулоқоту суҳбатҳояшон ба масъалаи забони давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва баҳри ҳифзу гиромидошт ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони ноби тоҷикӣ дастуру машваратҳо дода, ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи он тадбирҳои зарурӣ меандешанд. 
Дар идома шоир Камол Насрулло чанд шеъри дар васфи забони тоҷикӣ эҷоднамудаашро қироат намуд. 
Дар охир Зарина Файзуллозода гузаронидани чунин вохӯриҳои судмандро яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҳизбиён дониста, қайд намуд, ки бо ин васила метавон ҳисси ватандӯстӣ ва забономӯзиро тарғиб намуд. 


Тағоймурод Эшзода