Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нишони миллат ва пояи давлат

Нишони миллат ва пояи давлат

Санаи 4-уми октябр бо ташаббуси факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт бахшида ба Иди забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор, таҳти унвони «Забон нишони миллат ва пояи давлат аст» чорабинии илмию маърифатӣ доир гардид. Дар он сардори раёсати корҳои тарбия Абдулло Давлатзода ва сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Ҷовидон Халифазода иштирок намуданд. Сараввал, декани факултет София Темурбекова маҳфилро кушода, дар васфи омӯзгор, мақоми забони тоҷикӣ ва аслияти он андешаҳояшро иброз намуд. Номбурда афзуд, ки забони тоҷикӣ забони илм гардидааст ва ба он таҳқиқотҳои илмӣ навишта мешаванд, ки аз волоияти он дарак медиҳад. Дар ҳақиқат, имрӯз дар назди омӯзгорон дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон вазифаҳои бисёр муҳим меистад, ки иҷрои он, аз як ҷониб, бисёр пурзаҳмат буда, аз тарафи дигар, кори арзишманд ва пуршараф аст. Дар анҷоми ҷамъомад аз ҷониби донишҷӯёни факултет барномаи фарҳангии иборат аз суруду шеърхонӣ дар васфи омӯзгор ва забони тоҷикӣ, саҳнаҳои ҳаҷвӣ-тарбиявӣ намоиш дода шуда, ба як қатор устодону меҳмонон туҳфаву сипосномаҳои садорати факултет тақдим гардид.

 
Исматулло Ҷумаев, эдвайзер оид ба тарбияи факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт