Хабарҳо
Маҳфили тараннумгари бузургии забони тоҷикӣ
Таҳти роҳбарии муаллими калони кафедраи забони тоҷикии ДДМИТ Савриниссо Муҳаммадиева санаи 5-уми октябри соли 2023 дар бинои таълимӣ бахшида Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯён ва омӯзгорон маҳфили илмӣ таҳти унвони «Забони мо-ҷаҳони мо» баргузор гардид.
Дар он Муҳаммадиева С. баромад карда, гуфт, ки забони тоҷикӣ таърихи беш аз 3000-сола дорад ва озмоишҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст. Забони модарии мо дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят пурфоҷеаро тай намуда, забони суфтаву шоирона гардидааст. Ҳатто олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёнажод ва яке аз миллатҳои қадимтарин ба ҳисоб мераванд. Забони тоҷикӣ бошад, аз ҷумлаи забонҳои куҳантарини олам маҳсуб мегардад.
Сипас донишҷӯён Дурандеш Давлатов, Муниса Ғафорова, Ануша Ҷабборзода, Шарофат Табарова, Сурайё Асозода, Сарварбек Ҳаитов, Марям Саидшозода ва Миҷгона Яёҳева баромад намуда, дар васфи забон шеърҳо қироат намуданд.
Мудири кафедраи забони тоҷикӣ, дотсент Мадисломи Раҳмон дар суханрониаш қайд кард, ки забон пояи ҳастии миллат аст. Ҳамаи халқияту нажодҳоро маҳз аз рӯйи забонашон мешиносанд. Решаҳои забони мо аз садсолаҳои пеш аз мелод, яъне асрҳои аввали солшумории нав об мехӯрад.
Чорабинӣ тараннумгари бузургии забони тоҷикӣ буда, барои тақвияти худшиносии миллии ҷавонон мусоидаткунанда буд.
Тағоймурод Эшзода