Хабарҳо
Тарбияи ахлоқии донишҷӯдухтарон дар меҳвари таваҷҷуҳ
Тибқи нақшаи кории раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ санаи 6-уми октябри соли 2023 вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарони курсҳои 1-уми факултетҳои молия ва қарз, технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт ва иқтисод ва бизнес баргузор гардид. Ин вохӯриҳо миёни донишҷӯдухтарони факултетҳо дар доираи тарбияи ахлоқии ҷавондухтарон, шиносоӣ ва раванди ба низом даровардани тарзи пӯшидани либос, вазифаву уҳдадориҳои донишҷӯён бо кормандони раёсати корҳои тарбиявӣ гузаронида шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон зери роҳбарии Ҳакимбек Абдуалимзода ба масъалаҳои мубрами ҳаёти донишҷӯдӯхтарону бонувон, ки аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, таваҷҷуҳи рӯзафзун медиҳад. Шумораи донишҷӯдухтарон низ дар муассиса беш аз пеш афзуда истодааст ва баҳри дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо ҷиҳати дар оянда ба мутахассисони дорои таҷриба ва донишҳои мукаммали касбӣ табдил ёфтанашон ҳама тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, мавриди корбарӣ қарор дода мешавад.
Баҳри дар амал пиёда намудани ин дастуру супоришҳо рӯзи 6 октябр бо иштироки шахсони мутасаддӣ – кормандони раёсати тарбия ва деканону устодон, эдвайзерон бо духтарон вохӯрӣ доир гардид. Онҳо бобати масъалаҳои гуногуни марбут ба ахлоқ ва фаъолнокнамоии донишҷӯдухтарон андешаронӣ карданд. Зикр гардид, ки масъалаи фаъолнамоии ҷавондухтарон дар муассиса яке аз мавзуъҳои калидӣ ва мавриди таваҷҷуҳ ба ҳисоб меравад ва дар доираи ҳамин мақсадҳо ҳамасола донишҷӯдухтарону бонувон барои таҳсил ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб карда мешаванд. Ҳамзамон ба масъалаи ташаккули маърифати фарҳангиву ахлоқии донишҷӯдухтарон таваҷҷуҳ зоҳир гардида, дарҷ карда шуд, ки зарур аст муқаррароти Дастурамали қоидаҳои либоспӯшӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёна, олӣ ва олии касбӣ пурраву воқеъбинона амалӣ карда шаванд.
Гуфта шуд, ки минбаъд низ раёсати тарбия кори худро дар ин самт ҷоннок намуда, ба масъалаҳои ҳалталаби занону донишҷӯдухтарон саривақт таваҷҷуҳ хоҳад кард.
Тахмина Умаралиева, мутахасссиси раёсати тарбия оид ба занон ва донишҷӯдухтарон